Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо одамоне, ки пойбанди нафс ҳастанд, зиёданд. Бисёриҳо аз пайи пулу мол ҳастанд. Чунин бандагонро фардои қиёмат чӣ интизор аст?
САРВАРОЙ, ноҳияи Темурмалик
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Худованди Таборак ва Таъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд: «Мо инсону ҷинро барои ибодат кардан офаридем». Пас, моро лозим аст, ки барои ибодат кӯшиш кунем ва дар он ба танбалӣ роҳ надиҳем. Инсон бояд пеш аз фарорасии марг ба он омодагӣ бинад, зеро амалҳои солеҳ бо инсон дар қабр ва маҳшар якҷо мебошад.
Дар як ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст: «Се чиз ҳамроҳи инсон то қабр меравад, ки дуи он бармегардад ва яке аз онҳо мемонад. Якум, аҳлу аёл. Дуюм, мол ва сеюм амали инсон. Мол аз хона намебарояд, аҳлу аёл бозмегарданд ва танҳо амали нек бо инсон дар қабр боқӣ мемонад.
Тавре ки инсон дар дунё барои сафари тӯлонӣ тӯша мегирад, инчунин барои охират низ бояд тӯша бигирад. Тӯшаи охират ибодат кардан, хайру эҳсон ва амалҳои некро дар бар мегирад.
Худованд ҳамаи моро тавфиқ диҳад, то дар ибодати ӯ ихлоси комил дошта бошем.
Эй бор Худои Аршу Курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ.