Commerc banl
3 амали неке, ки анҷом доданашон дар рӯзи Иди Фитр савоби зиёд дорад
20.03.2026
Oila.tj
33

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги исломӣ мебошад, ки бо анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ дар рӯзи аввали моҳи шавволи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мегардад. Кадом амалҳо бояд дар ин ид анҷом дода шаванд?

1. Аз ҷумлаи воҷиботи динӣ дар ин рӯз додани садақаи фитр ва баргузории намози ид мебошад.

2. Баъди намоз, маъмулан, ба сари манзили фавтидагон, хонаи наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, ҳамсоягон, асосан ба хонаҳои азодор рафта, Қуръон тиловат мекунанд ва ҳангоми фотиҳахонӣ ба пайвандони маит аз Худованд сабри ҷамил талаб намуда, орзуву таманнои хайр мекунанд. Ин роҳи хуби изҳори ҳамдардӣ ва ғамхорӣ дар ҳақи якдигар мебошад.

3. Яке аз беҳтарин суннатҳое, ки дар рӯзҳои Иди Рамзон ва Иди Қурбон анҷом дода мешавад, хайру саховат намудан ба ятимон, маъюбон, пирони танҳо ва оилаҳои ниёзмандон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД