25 соли зиндони падар барои куштори бераҳмонаи писар
242

Суди Олии Тоҷикистон Парвиз Одинаев - мардеро, ки моҳи июли соли равон бо гумони азият намудан ва куштори бераҳмонаи писари 15-солааш Хусрав Одинаев боздошт шуда буд, ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тавре расонаҳо дар такя ба пайвандони ин хонавода навиштаанд, ҳукми додгоҳ нисбати Парвиз Одинаев рӯзи 11-уми ноябри соли равон содир шудааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ додситон барои Парвиз Одинаев 27 соли зиндон талаб намудааст, аммо суд фарзандони ноболиғ доштани ӯро ба инобат гирифта, номбурдаро ба 25 соли зиндон маҳкум намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД