Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд ва ҳар як падар модар мехоҳад, ки ҷигарбандаш таълиму тарбияи хуб гирифта, дар оянда шахси арзанда шавад, соҳиби зиндагии ободу зебо ва серу пур гардад.
Аммо баҳри ба ин сатҳ расидани фарзанд волидон бояд хеле талош намоянд. Барои он ки фарзанди шумо дар оянда ҳамчун шахси ба ҷомеа даркорӣ ба воя расад ва соҳиби зиндагии шоиста гардад, барои рушди кӯдак хароҷоти зиёде кардан лозим меояд.
Як мисоли оддӣ, хоҳед, ки фарзандатон чизеро омӯзад, бояд ӯро аз синни 2-3 солагӣ ба боғчаи бачагона диҳед. Дар кӯдакистонҳои давлатӣ волидон барои як кӯдак моҳе 140 сомонӣ пардохт мекунанд, вале муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бошад, нархи миёнаи моҳонааш ҳудуди 700 сомонӣ аст. Кӯдак агар 5 сол ба боғча равад, дар ин давра падару модараш танҳо барои пардохти пули боғча 8400 сомонӣ сарф мекунанд, агар кӯдакистон хусусӣ бошад, пас 42 000 сомонӣ сарф кардан лозим меояд.
Аз синни 7-солагӣ кӯдак ба мактаб меравад. Албатта таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ройгон аст, вале баъзе волидайн ба хотири он ки бача дониши чуқуртар гирад, фарзандашонро ба гимназия, литсей ва ё мактабҳои махсус мегузоранд. Ба ҳисоби миёна маблағи яксолаи таҳсил дар муассисаҳои типи нав аз 4 000 то 12 000 сомониро ташкил медиҳад. Чун фарзанд 11 сол таҳсил мекунад, волидонро лозим аст, ки барои дониши хуб ва таълиму тарбия гирифтани ҷигарбандашон аз 44 000 то 132 000 сомонӣ мабалағ харҷ намоянд.
Баъди хатми мактаб орзуи ҳар як ҷавон он аст, ки дар ягон муассисаи таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда, соҳиби касби сердаромад шавад. Маблағи яксолаи шартномаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон тахминан 6000-16 000 сомониро дар бар мегирад. Фарзанди шумо касби ҳуқуқшиносӣ ё духтуриро интихоб намояд, хонаводаро зарур аст, ки ҳар сол аз 11 000 то 16 000 сомонӣ ва дар муддати 5-6 сол аз 66 000 сомонӣ то 80 000 сомонӣ пул сарф кунанд.
Ҳамин тавр, барои як фарзанд аз 2-солагӣ то 24-солагӣ, яъне то соҳиби маълумоти олӣ гаштанаш ҳудуди 250 000 сомонӣ ва ё 25 000 доллар сарф кардан лозим меояд. Аммо мутаасифона, баъзан ин ҳама хароҷотҳои волидон самари дилхоҳ надода, баъди гирифтани диплом ҷавонони соҳибмаълумот кори муносиб ёфта наметавонанд.