Ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса ва дастаи “ПСЖ” Усмон Дембеле тибқи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) беҳтарин футболбози соли 2025 эътироф гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мавсими гузашта Дембеле дар ҳайати “Пари Сен-Жермен” қаҳрамони Фаронса шуд, Ҷом ва Суперҷоми Фаронсаро ба даст овард, ҳамчунин ғолиби Лигаи чемпионҳо ва Суперҷоми УЕФА гардид. Илова бар ин, Дембеле бо “ПСЖ” то финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо роҳ ёфт. Ҳамчунин ӯ барандаи “Тӯби тилоӣ”-и соли 2025 низ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта ҳамлагари 28-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 53 бозӣ анҷом дода, 35 гол зада, 16 паси головар анҷом додааст.