goodwell
2-юми сентябр дар чанд кӯчаю хиёбони Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад
01.09.2026
Oila.tj
147

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки 2-юми сентябр аз соати 07:00 то 09:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанд кӯчаю хиёбони Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Ба навиштаи пулиси Душанбе, маҳдудият дар қитъаҳои кӯчаи Шероз, хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Аҳрорӣ, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, кӯчаҳои С. Шерозӣ ва А. Қаҳҳоров ҷорӣ мегардад.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат маҳдудиятҳои муваққатиро ба назар гирифта, барои рафтуомад аз кӯчаҳои ҳамшафат ва роҳҳои алтернативӣ истифода баранд.

Шаҳрвандон инчунин даъват мешаванд, ки ҳангоми ҳаракат ба танзими ҳаракати нақлиёт ва аломатҳои роҳ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД