Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров, ду варзишгари тоҷик, ки дар “Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу -2022” ба медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд, шаби 5-уми октябр ба Ватан баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе паҳлавонони шинохтаи тоҷик Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаровро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва ҳаводорону мухлисони сершумори гӯштини кураш пешвоз гирифтанд.
Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз таърихи 23-юми сентябр оғоз шуда, то санаи 8-уми октябр идома меёбанд. Варзишгарони тоҷик то ба имрӯз аз ин мусобиқа 7 медал ба даст овардаанд.
Аз ҷумла Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев дар бокс ҳарифонашонро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гаштанд.
Темур Раҳимов соҳиби медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷудо, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров дар кураш ва Миҷгона Самадова дар бокс пирӯз гашта, медалҳои биринҷиро сазовор гаштанд.