arzon replenishment
2 соли зиндон барои ҳимоя аз ҳамватанони худ
891

 

Чаҳор нафар муҳоҷирони тоҷик, ки дар оташ задани як вагонча муттаҳам дониста мешуданд, аз толори суд озод карда шуданд...

Ҳодиса дар Иркутск рӯй дода, чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми даст доштан дар оташ задани як вагонча, ки дар он ҳафт нафар муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд, муттаҳам дониста мешуданд, аз толори суд озод карда шуданд.

Ин ҳодисаи нохуш 12-ноябри соли 2021 дар шаҳраки Залари рӯй дода, сокинони маҳаллӣ вагонеро, ки дар он 7 нафар муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд, оташ заданд. Он рӯзи наҳс ду нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои харидани нон ба мағоза рафтанд, ки як гуруҳ бачаҳои маҳаллӣ, ки маст буданд, бо баҳонаи он ки гӯё онҳо ба як духтари рус гап партофтаанд, муҳоҷиронро беҳармона лату кӯб карданд.

Муҳоҷироне, ки бо иттиҳоми оташ задани вагон муддати ду сол дар зиндон буданд, ҳамдиёрони худро ҳимоя карданӣ шуданд ва ҳамин тавр байни зодагони Тоҷикистон ва бачаҳои маҳаллӣ занозанӣ сар шуда, дар рафти ин моҷаро сокинони маҳаллӣ вагонеро, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.

Бар асари сӯхтори вагон ду нафар муҳоҷирони тоҷик- Насимҷони Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзода, ки ҳамагӣ 19-сол дошт, ба ҳалокат расиданд, вале кормандони мақомоти тафтишотии Россия 4 нафар муҳоҷирони тоҷикро гунаҳкор намуданд, ки гӯё аз ҳамватанони худ пуштибонӣ карданӣ шуда, онҳо боиси сар задани ҷангу ҷанҷол байни муҳоҷирон ва мардуми маҳаллӣ шудаанд, ки боиси оташ задани вагон аз ҷониби бачаҳои маҳалла гаштааст.

Ҳамин тавр Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаров бо иттиҳоми авбошӣ ва сӯиқас ба куштор даст намуданд ва муддати ду сол онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштанд.

Ин ҳодиса баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овард ва кор ба ҷое расид, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои русаш Сергей Лавров занг зада, хоҳиш кард, ки ин қазия воқеъбинона санҷида шавад.

Тафтиши ин парвандаи пурсару садо дурудароз тӯл кашида, ниҳоят рассо баъди ду сол, санаи 13-ноябри соли равон ҳукми суд содир гашт. Гумонбарон бо ҳукми суд ба мӯҳлати 2 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гашта бошанд ҳам, бо сабаби муддати ду сол дар ҳабси пешакӣ қарор доштанашон аз толори суд озод карда шуданд ва қарор аст, ки имрӯз ба Ватан баргарданд. Пайвандони Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаров бар он андешаанд, ки ин 4 нафар муҳоҷирони тоҷик бе гуноҳ маҳкум шуда, 2 соли умри худро дар зиндон гузарониданд, вале аз озодшудани онҳо хурсанданд.

Имрӯз озодшудагон ба Ватан бармегарданд. Дар ин бора Centralasian.org хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД