Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду савдогарро барои қимат кардани гӯшт дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба муҳлати чаҳор шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум намудааст.
Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми феврал хабар дода, гуфтааст, ки Абдулазиз Абдуллоев ва Фирӯзҷони Маҳмадулло бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ нархи гӯштро дар “Мағозаи гӯшт”, ки дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино ҷойгир мебошад, бе асос боло бурдаанд.
Дар робита бо ин масъала, Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз соҳибкорон ва тоҷирону савдогарон хостааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон инсофро пеша намуда, нархи маҳсулотро қимат накунанд, дар акси ҳол, нисбати нафароне, ки нархҳоро баланд мебардоранд, чораҳои дахлдор андешида мешаванд.