35 years of independency
170 тарбиятгиранда аз Президент туҳфа гирифтанд
04.11.2026
Kamoliddin
35

170 тарбиятгиранда аз Президент туҳфа гирифтанд

2 -юми ноябр ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернат дар шаҳри Истаравшан туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуданд.

Ин иқдом дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи абрешим» баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни чорабинӣ таъкид шудааст, ки дастгирии кӯдакони ятим, бепарастор ва наврасони оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ изҳори сипос карда, аз шароити зиндагӣ, имкони таҳсил ва дастгирии давлат изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД