Arzon march 2024
165 ҳоҷии тоҷик ба Ҷидда парвоз карданд
390

Ҳаҷи фарзӣ оғоз ёфта, алакай аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Тоҷикистон барои тавофи Хонаи Каъба ва адои ҳаҷи фарзӣ ба сафар баромаданд.

Тавре Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар додааст, рӯзи 25-уми май гурӯҳи 165-нафара аз кишвари мо тавассути ҳавопаймои Ширкати “Сомон Эйр” бо нияти адои ҳаҷи фарзӣ ба Ҷидда парвоз кардаанд. Гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон гусел кардаанд.

Имсол барои адои ҳаҷи фарзӣ Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Арзиши ҳаҷҷи фарзӣ соли равон барои як нафар 57 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ба ин маблағ чиптаи ҳавопаймо, зиндагӣ дар меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ дохил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД