Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд идома дошта, то давоми як ҳафтаи моҳи октябр 35429 тонна пахта истеҳсол шуда, нақшаи пешбинишуда 26,3 фоиз иҷро гардидааст.
Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, то имрӯз зиёда аз 1600 хоҷагии пахтакор аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш додаанд.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки соли ҷорӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда 134 ҳазору 530 тонна пахта истеҳсол намоянд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳамарўза дар ҷамъоварии пахта беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, наздики 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 50-килограммӣ рост меояд.