16 иштирокчии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17-сола маълум шуданд
03.12.2025
Oila.tj
52

16 иштирокчии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Индонезия, АМА, Тоҷикистон, Чин, Яман, Ветнам, Ҳиндустон, Австралия, Тайланд ва Мянмар роҳхатро ба даст оварданд.

Наврасони Тоҷикистон бо шарофати натиҷаи охир ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2025 бидуни иштирок дар бозиҳои интихобӣ вориди ин мусобиқа мешаванд.

Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17-солаҳо аз 7 то 24-уми майи соли 2026 доир мешавад.

Соли оянда дар Ҷоми Осиё-2026 (U-17) дастаи навдаъвати Тоҷикистон зери роҳбарии Далер Каёсов ширкат меварзад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД