Commerce bank may-june 2026
15-уми июл - Рӯзи демократия ва ваҳдати миллии Туркия
15.07.2026
Oila.tj
37

Дӯстони гиромӣ,

Имрӯз аз кӯшиши хоинонаи табаддулоти давлатӣ, ки 15-уми июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия рух дод, даҳ сол сипарӣ мегардад. Дар натиҷаи ин кӯшиши хиёнаткорона зиёда аз 250 нафар аз шаҳрвандони мо ба шаҳодат расиданд, наздики се ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд ва миллионҳо нафар аз шаҳрвандони мо осеби шадиди равонӣ диданд.

Далелҳои ҷамъоваришуда ва маълумоти бадастомадаи иктишофӣ собит намуданд, ки пушти ин кӯшиши табаддулот шахсе бо номи Фатҳуллоҳ Гулен ва созмони террористии ҷинояткори ӯ – ФЕТО қарор доштанд. Аъзои ФЕТО, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ нуфуз карда буданд, силоҳи худро бар зидди миллати турк равона намуданд.

Онҳо ба ҷони Президенти Ҷумҳурии Туркия, ҷаноби Реҷеп Тайип Эрдоған сӯиқасд намуданд, ба корвони Сарвазир ҳамла карданд, бинои Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, Маҷмааи Президентӣ, инчунин биноҳои мақомоти иктишофӣ ва полисро бомбаборон карданд. Дар шаҳрҳои гуногуни Туркия шаҳрвандони осоишта, ки ба нишони эътироз алайҳи табаддулоти давлатӣ ба кӯчаҳо баромада буданд, ҳадафи тир қарор гирифта, кушта шуданд.

Мо занон, мардон ва кӯдакони бегуноҳеро, ки дар он рӯзи сарнавиштсоз ҷони худро аз даст доданд, имрӯз бо эҳтиром, сипос ва дуои раҳмат ёд мекунем. Онҳо қаҳрамонони мо ҳастанд ва номи онҳо ҳамеша дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд.

Дар даҳумин солгарди 15-уми июл, мо бо ифтихор мегӯем: «Ирода аз они мост, пирӯзӣ аз они мост!».

5_33

Ин шиор иродаи устувори миллатро, ки 15-уми июл зоҳир гардид, инчунин дастовардҳои демократиро, ки маҳз ба шарофати ҳамин ирода ба даст омаданд, дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ таҷассум мекунад. Ин шиор изҳороти қотеонаи он аст, ки миллати Туркия сарнавишти худро танҳо бо иродаи худ муайян мекунад. 15-уми июл на танҳо рӯзи муқовимат, балки ҳамчунин рӯзи пирӯзии демократия ва иродаи мардум мебошад.

Мо, бахусус туркҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, худро масъул медонем, ки муборизаи миллати Туркия барои ҳифзи арзишҳои демократӣ ва пирӯзии он дар ин роҳро ҳарчи муассиртар ба ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ намоем. Мо таъкид менамоем, ки:

15-уми июл пирӯзии демократия аст, ки бо иродаи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа, бидуни ҳеҷ гуна табъиз, ба даст омадааст.

2_70

Мардуми мо бо ҳимоя аз ниҳодҳои демократӣ ва ҳокимияти қонунии интихобшуда кӯшиши табаддулоти давлатиро бартараф намуданд. Аз ин ҷиҳат, 15-уми июл намунаи барҷастаи муқовимати мардумӣ дар таърихи демократияи муосир ба ҳисоб меравад.

3_63

Пас аз рӯйдодҳои 15-уми июл, Ҷумҳурии Туркия бо таҳкими ниҳодҳои демократии худ роҳи рушди минбаъдаро идома дода, ба давлати дорои сохтори устувор, иқтидори баланди институтсионалӣ ва муқовимати муассир ба буҳронҳо табдил ёфт. Дастовардҳое, ки дар ин раванд ба даст омаданд, иқтидори идоракунӣ ва устувории демократии Туркияро боз ҳам таҳким бахшиданд.

Созмони террористии ФЕТО, ки омили асосии кӯшиши табаддулоти давлатии 15-уми июл мебошад, на танҳо барои Ҷумҳурии Туркия, балки барои ҳамаи кишварҳое, ки дар онҳо фаъолият доштааст, таҳдид ба ҳисоб меравад. ФЕТО бо ташкили шабакаҳои худ дар соҳаҳои гуногун барои сохторҳои демократӣ ва институтсионалии кишварҳои фаъолияти худ хатар эҷод менамояд. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ин созмон аҳамияти махсус дорад.

ФЕТО чист?

ФЕТО созмони хиёнаткорест, ки аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ идора ва роҳнамоӣ мешавад. Фатҳуллоҳ Гулен ва пайравони ӯ, таҳти ниқоби як ҳаракати хайрхоҳонаи таълимӣ, дар Ҷумҳурии Туркия ва инчунин дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ таъсис доданд. Дар як марҳила ин созмон дар Ҷумҳурии Туркия ҳазорон муассисаи таълимӣ ва дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ҳазорҳо мактаб, корхона, созмонҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаро таҳти шабакаи худ қарор дода буд.

Бо мақсади ворид шудан ба сохторҳои муҳими давлатӣ, аз қабили мақомоти полис, Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти адлия, аъзои ин созмон ба таври муташаккилона аз қаллобӣ ва сохтакорӣ истифода намуда, ҳуқуқи ҳазорҳо ҷавонони соҳибистеъдодро поймол карданд. Ин созмон, ки худро ҳамчун як ҳаракати таълимӣ муаррифӣ мекард, тадриҷан ба як сохтори махфӣ табдил ёфт, ки ҳадафаш аз дохил таҳти назорат гирифтани давлати Туркия ва дигаргун сохтани ҷомеа буд.

Саркардаи ФЕТО - Фатҳуллоҳ Гулен аз соли 1999 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дошт. Ӯ 20-уми октябри соли 2024 даргузашт. Имкон пеш наомад, ки барои ҷиноятҳои содиркардааш дар ин ҷаҳон дар назди суд ҷавоб диҳад. Мо эътиқод дорем, ки дар рӯзи қиёмат барои гуноҳҳои худ ҷавоб хоҳад дод.

ФЕТО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муассисаҳои таълимӣ дошт. Бо шарофати ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаҳо ё баста шуданд ва ё ба ихтиёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Пас аз он ки роҳбарони аршади ФЕТО дарк намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қабул нестанд, кишварро тарк карданд.

Як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ФЕТО-ро ҳамчун созмони террористӣ эътироф намудаанд. Мо бори дигар аз кишварҳои дӯсту бародар, ҳампаймон ва шарикони Ҷумҳурии Туркия даъват менамоем, ки дар мубориза бар зидди ин созмони террористӣ ва роҳбарияти он тадбирҳои боз ҳам муассиртар андешанд.4_51

Дар даҳумин солгарди 15-уми июл бори дигар шаҳидони худро бо дуои раҳмат, собиқадорони ҷанг ва миллати қаҳрамони худро бо эҳтиром ва сипос ёд менамоем. Ҳамчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории арзишмандаш дар мубориза бар зидди созмони террористии ФЕТО изҳори сипос ва қадрдонӣ менамоем.

Умут АҶАР,

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД