Arzon march 2024
14 миллион сомонии соҳибкорон сӯхт
876


Мақомоти вилояти Хатлон зарари пешакии сӯхтори бозори ноҳияи Ҷайҳунро ҳисоб карданд.

Зарари бар асари сӯхтори бозор расида беш аз 14 миллион сомонӣ ё 1,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тавре ки Қувваталӣ Қурбонализода, роҳбари Идораи оташнишонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун гуфтааст, ба соҳибкороне, ки бар асари сӯхтори бозор зарар диданд, имтиёз дода мешавад. Аз ҷумла тоҷироне, ки аз бонкҳо қарздоранд, муҳлати пардохти қарзи бонкиашон то оғози дигарбораи фаъолият боздошта шудааст. Соҳибкорони зарардида то оғози корашон муввақатан аз пардохти андоз низ озод шудаанд.

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун шаби 1 ба 2-юми июл рух дода, 401 дӯкон пурра ба коми оташ рафт.
Мақомоти оташнишонии вилояти Хатлон қаблан гуфта буданд, ки 95 дар сади бозор ба пуррагӣ сӯхтааст.
Вазорати корҳои дохилӣ сабаби сар задани сӯхторро расиши ноқилҳои барқӣ номид.

Солҳои ахир сӯхтор дар бозорҳо зуд-зуд ба амал омада, бар асари чунин ҳодисаҳои нохуш тоҷирони зиёде муфлис мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД