14 бонуи Хатлон соҳиби гранти раиси вилоят гаштанд
56

14 нафар бонувони соҳибкори Хатлон соҳиби грантҳои раиси вилоят гаштанд. Ба иттилои нашрияи вилоятии “Хатлон”, бо мақсади дастгирии соҳибкории занон ва рушди соҳибкорӣ дар вилоят ба занҳои соҳибкор дар ҳаҷми аз 15 то 20 ҳазор сомонӣ маблағи грантӣ дода шудааст.

Тавре нашрия менависад, кумаки молиявии мазкур ба бонувони хатлонӣ дирӯз, 11-уми ноябр дар доираи Ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025”, ки дар шаҳри Бохтар идома дорад, супорида шудааст.

Дар маҷмуъ, аз фонди раиси вилоят барои 30 грант 515 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, вале танҳо 14 зан дар асоси озмун барандаи грантҳо гашта, ба онҳо барои рушди кишоварзӣ, кушодани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар намудҳои соҳибкорӣ 245 ҳазор сомонӣ маблағ дода шудааст.

Айни замон дар вилояти Хатлон беш аз 30 ҳазор нафар бонувон бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 20 ҳазор нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД