arzon replenishment
13- маслиҳат ба зане, ки мехоҳад хушбахт бошад
11.06.2022
ОИЛА
1853

        Дилро аз кинаву кудурат тоза намо!

Худро дӯст доштан аз худшефтагӣ фарқи калон дорад, барои ҳамин ҳеҷ гоҳ ин ду мафҳумро ба ҳам омехта накун ва худатро дӯст дор!

Ҳамеша новобаста аз он ки дар чӣ ҳолати рӯҳӣ қарор дорӣ, ашкатро пок намо, саратро баланд бардор ва ба пеш ҳаракат намо ва дар дил бигӯ ман метавонам.

Кори дунёро касе ба итмом нарасондаву ту ҳам нахоҳӣ расонд, аз ин рӯ, истироҳат карданро ҳам ёд гир.

Барои истироҳат намудан шарт нест, ки ба он суи дунё сафар намоӣ, кӯшиш намо то хонаат макони хуби истироҳатат бошад.

Нӯшидани як финҷон қаҳваи хушбӯй бо як пораяки хурди қулчақанд метавонад туро фараҳманд гардонад ё шунидани мусиқии хубу мутолиаи асари зебои хуштасвир.

Барои худат ҳеҷ чизро дареғ надор, хоса агар сухан дар бораи саломатият равад

Аз ёд набарор, ки барои шавҳар, фарзандону пайвандон ту саломат даркорӣ, агар аз по меафтӣ ба худат мушкил мешавад, ҳарчанд ғамхортарин парасторон дар атрофат ҷамъ оянд.

Кадом аъзои баданат аз дард хабар дод зуд ба табиб муроҷиат намо, зеро пешгирии дард аз табобати он осонтар аст.

Зеботарин ва босифаттарин либосро интихоб намо, зеро арзон беиллат ва қимат беҳикмат нест.

Сабади истеъмолии аҳли оилаатро бо маҳсулоти босифат пур намо, аз ёд набарор, ки хӯрок дар баробари болаззат буданаш бояд хусусияти давоӣ низ дошта бошад.

Барои ҳар гапи бемаъно зиқ нашав, асабҳоятро эҳтиёт намо, зеро сарчашмаи ҳама бемориҳо асаб аст.

Чунон зиндагӣ намо, ки бадхоҳат аз дидани хушбахтиҳоят шокӣ шавад.

Дилатро аз кинаву кудурат тоза намо, зеро барои хушбахтиву меҳру ишқ ҷо намемонад.

Худатро дӯст дор ва дигарон низ туро дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД