Formula novemver 2024
13 КОРГАР ДАР ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ БА ЧОҲ АФТОДАНД
893


Ҳангоми анҷоми корҳои тармимӣ дар як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарская дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав бар асари боришоти зиёд девори ин чоҳ канда шуда, якбора 13 коргар ба чоҳ афтодаанд.

 

 

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7 август рӯй дода, аз 13 нафари ба чоҳ афтода 6 нафарашон мустақилона аз чоҳ баромада, 4 нафари дигарро кормандони МЧС берун кашиданд, аммо 3 коргари дигар ҳанӯз нопайдо боқӣ мемонанд.

Тавре ки расонаҳо менависанд, наҷотбахшон ба зинда пайдо кардани 3 коргари дигари ба чоҳ афтода чандон умед надорад. Кормандони МЧС бар он назаранд, ки эҳтимол маҷрои об аллакай онҳоро то ба дарёи Маскав бурда бошад.

“Агар онҳоро пайдо кунем, ин мӯъҷиза хоҳад буд. Ба ҳар ҳол м то охир ҷустуҷӯяшон мекунем. Агар дар даруни лӯла “кисаҳо” вуҷуд дошта бошад ва онҳо дар ин “кисаҳо” паноҳ ёфта бошанд, пас шонси наҷоташон ҳанӯз ҳаст”, – гуфтаанд наҷотбахшон.

Ёдрас мешавем, ки Люблино яке аз мавзеҳои хеле маъруфи пойтахти Русия буда, бозорҳои калонтарини шаҳр маҳз дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд ва шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва Тоҷикистон он ҷ окор мекунанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар байни коргарони ба чоҳ афтода муҳоҷирони тоҷик буданд оё не.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД