Arzon march 2024
126 хонанда аз Душанбе ба даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаштанд
701

Ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе 126 нафар довталабон роҳхат гирифтанд.

Довталабон давоми 10 рӯз аз рӯйи 6 номинатсия дар гурӯҳҳои алоҳида донишу маҳорати худро дар доираи адабиёти мутолиакардаашон нишон дода, бо ҳам сабқат намуданд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гашта, дар он Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ ба ғолибони ҷойи якум аз рӯйи ҳар номинатсия диплом ва 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм - диплом ва 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм - диплом ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот супурда шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми марти 2024 эълон гашта, даври шаҳрии он дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18-уми марти соли 2024 аз 15 то 24-уми август дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД