Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 222 нафар худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ намудаанд, ки аз ин шумора 110 нафарашон занону духтаронанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Хонум Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки теъдоди шахсони даст ба худкушӣ зада 175 нафарро ташкил карда, дар ин давра 47 нафари дигар қасди ҷони худ намудаанд. Аз теъдоди умумии афроди худкушӣ ва қасди худкушӣ намуда 110 нафарашон занону духтарон ва 112 нафар мардон ва писарон будаанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила худкуширо шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки агар як сабаби даст ба худкушӣ задани одамон бемориҳои рӯҳӣ бошад, сабабҳои дигараш ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ ва моҷарои қарз мебошад, ки то вартаи марг мебарад.
Бояд зикр намуд, ки худкушӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 нисбатан камтар шудааст. Аз ҷумла худкушии мардон дар нимсолаи аввали 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 тақрибан 10% камтар шуда, қасди худкушӣ дар байни занону духтарон 2 адад бештар ба қайд гирифта шудааст.