Дар Душанбе ҳангоми санҷиши як сехи ҳасиббарорӣ 110 кило маҳсулоти муҳлаташ гузашта ва ғайристандартӣ ошкор шудааст.
Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад, ки маҳсулоти мазкур дар сехи ҳасиббарории «Ориёнӣ»-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт зимни мониторинги назоратӣ муайян шудааст.
Тибқи натиҷаи санҷиш, қисме аз маҳсулот бо сабаби риоя нашудани талаботи нигоҳдорӣ сифати худро гум карда, муҳлати истеъмоли қисми дигараш низ ба анҷом расида будааст.
Маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда тибқи санади дахлдор аз сех бароварда шуда, барои нобудсозӣ фиристода шудааст.
Ҳамзамон, барои муайян кардани сатҳи сифат ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда аз сех намунаҳо гирифта шуда, ба озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» ирсол гардидаанд.
Ин ҳолат бори дигар зарурати риояи қатъии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва муҳлати истеъмоли маҳсулоти ғизоиро нишон медиҳад, зеро маҳсулоти муҳлатгузашта метавонад барои саломатии истеъмолкунандагон хатар эҷод кунад.