Дар 27 мактаби Тоҷикистон 109 омӯзгор аз Русия ба фаъолият оғоз карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии “Россотрудничество” дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Омӯзгорон иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии «Муаллими рус дар хориҷа» буда, фанҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика, география ва ҳамчунин синфҳои ибтидоиро дарс медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, имсол ба лоиҳа 27 мактаби давлатӣ ва хусусӣ дар 9 шаҳр ва 2 ноҳияи кишвар шомил шудаанд.
То соли 2023 дар мактабҳои Тоҷикистон 47 омӯзгори рус фаъолият мекарданд.