Сомонаи Оила. ТЧ дар доираи лоиҳаи “Ковид ва ҷамъият” бо дастгирии иттиҳоди Аврупо як силсила подкаст-барномаро аз рӯзгори гурезаҳо ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таҳия менамояд. Қаҳрамони аудио-подкасти навбатии мо як ҷавонзани муҳоҷири тоҷик мебошад.
Шикасти бахт ӯро маҷбур намудааст, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварад. Шавҳараш ба зани дигар ошиқ шуда, ин ҷавонзани бегуноҳро аз дар берун мекунад. Азбаски савод ва касбу ҳунар надошт, баъди талоқ зиндагиаш хеле душвор гашта, бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ бо мақсади дарёфти ризқу рӯзии фарзандони падардори бе падараш роҳи Русияро пеш гирифт ва муддати чаҳор сол боз дур аз ёру диёр ранҷ мекашад...
Мехоҳед донед, ки ин зани муҳоҷири тоҷик дар Маскав чӣ ҳол дорад? Пас дарди дили ӯро аз забони худаш бишнавед!