Дар доираи амалиёти “Танбашавии роҳҳо” дар шаҳри Душанбе аз 1-ум то 18-уми ноябри соли равон зиёда аз 1000 воситаҳои нақлиёт, ки ронандагонашон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, аз ҷониби кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ боздошт карда шудааст.
Мошинҳоро ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурданд, ронандагон бошад, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Тавре ки расонаҳо дар такя ба маълумоти БДА навиштаанд, қисми зиёди вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маҳз ронандагони таксӣ мебошанд. Гуфта мешавад, ки ронандагони таксӣ дар қисмати дуюм ва сеюми роҳ мошини худро нигоҳ дошта, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеъа эҷод намудаанд. Бархе аз ронандагон бо ширкатҳои таксӣ аслан шартнома набаста, худсарона ба ин намуди хизматрасонӣ машғул буданд. Дар байни боздоштшудагон мошинҳои сиёҳшиша низ ҳастанд.