Sebiston new 2024 october
10-шарти интихоби моли қурбонӣ
1309

 

Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди қурбон муборакбод мегӯем! Иди қурбон яке аз беҳтарин идҳои мардуми мусалмон буда, ин шабу рӯзҳо шахсони соҳибнисоб дар тараддуди харидани чорвои қурбонӣ ҳастанд, аз ҳамин хотир чанд шарти муҳимро дар интихоби мол барои қурбонӣ манзуратон мегардонем.

  1. Қурбонӣ танҳо аз чорвоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст мешавад, хоҳ нар бошад, хоҳ мода. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ ва нодир барои қурбонӣ ҷоиз нест.
  2. Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад.
  3. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз мегардад. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад.
  4. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори арзиши он садақа кунад.
  5. Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст, аммо шохаш аз бех шикаста бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.
  6. Ҳарду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад, ё бағоят лоғар ё дандонҳояш шикаста ё гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест, вале аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ монда бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.
  7. Гӯшти қурбониеро, ки чанд нафар дар гову шутур якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест.
  8. Пӯст, каллаву почаи моли қурбониро метавонад худ истифода кунад ё ба камбизоатон бидиҳад, аммо барои қурбоникунанда фурухтанаш ҷоиз нест.
  9. Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону камбизоатон таом бидиҳад. Тамоми гӯшти қурбониро барои хонаводаи худ захира кунад, ҷоиз аст.
  10. Мустаҳаб аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро ҳамчун хомталош садақа диҳанд, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ захира кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба наздикону дӯстонаш бифиристад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД