Arzon march 2024
10 роҳи зебою дилкаш шудани занон дар фасли зимистон
16.02.2025
Oila.tj
372

Бо фаро расидани фасли сармо бонувон бештар аз хушкшавию пажмурдашавии пӯст шикоят мекунанд. Бо истифода аз тавсияҳои табибони беҳтарини пӯст ва машваратчиёни ширкатҳои мушҳури косметикӣ ба шумо маслиҳатҳое медиҳем, ки риояашон ҳуснатонро ҳамешабаҳор нигоҳ медорад.

Иловаҳои биологӣ истеъмол кунед

Якеаз сабабҳои хушкшавии пӯст норасоии витаминҳои махсус аст. Витамини Е, равғани моҳӣ ва равғани зағер пӯстро аз дарун мулоим мекунанд.

Ба косметика диққат диҳед

Дар ҳавои сард аз малҳамҳои поккунандае, ки спирт ё ишқорҳои зарарнок доранд, дасткашед, зеро ин моддаҳо пӯстро беоб мекунанд. Беҳтараш малҳамҳоеро истифода баред, ки равғани табиӣ дошта бошанд. Субҳгоҳон баъди рӯйшӯйӣ рӯятонро бо мушкоб тоза кунед.

Бо оби ширгарм рӯй шӯед

Оби ҷӯш пӯстро сахт мехушконад. Дар фасли сармо пӯст бе ин ҳам беоб мегардад, аз ин лиҳоз, бо оби ширгарм рӯй шӯед ва кӯшиш намоед дар ҳаммоми бӯғин камтар қарор дошта бошед.

Аз ҳад зиёд пилинг накунед

Пӯстатон зиёд хушк бошад, ҳафтае як маротиба пилинг, яъне тоза кардани қабати болоии пӯст аз ҳуҷайраҳои кӯҳна кифоя аст. Аз ҳад зиёд тоза кардани пӯст боиси тунукшавӣ мегардад, ки ба беобшавӣ мерасонад. Беҳтараш аз пилингҳои мулоими энзимӣ истифода баред, ки таркибаш дурушт набуда, тадриҷан пӯстро тароват мебахшад. Онро бо оҳиста бапӯст молиш дода, шӯйед.

Рӯятонро сахт молиш надиҳед

Рӯятонро бо сачоқ намолед, балки сачоқро сабук ба пӯст расонида, баъди хушк шудани пӯст дарҳол малҳами ғизобахш молед, то намияш бухор нашавад.

Ба ҳавои хона диққат диҳед

Қубурҳои оби гарм ва бухориҳо на танҳо ҳавои хонаву утоқҳои кории шумо, балки пӯсти шуморо низ мехушконад. Нармкунандаи ҳаво (увлажнители воздуха) ҳавои манзили шуморо муътадилу пӯстатонро аз бухоршавии обаш нигоҳ медорад.

Малҳамро иваз кунед

Малҳамҳои истифода мебурдаатон вазифаи худро иҷро карда натавонанд, аз малҳамҳои таъсирноки дорои витамини Е, сквален ва ҷавҳари растаниҳо истифода баред.

Қаҳва ва машруботро маҳдуд кунед

Машрубот, қаҳва ва чойи кабуд таъсири пешобронӣ дошта, ба бонувоне, ки пӯсти хушк доранд, тавсия дода намешавад. Баъди ҳар як пиёлаи қаҳва ё май як истакон оби тоза нӯшед.

Ғизоятонро ғанӣ созед Мушкилоти пӯсти хушкро ғизои хуб ҳал карда метавонад, аз ин хотир, бештар хӯрокҳои дорои унсури Омега-3 ва витаминҳои ёрирасони онро (кофактор) истеъмол намоед. Моҳӣ, сабзавот, меваи тару тоза ва чормағз аз ин унсур бой буда, ба зебогиатон ҳусни тоза зам менамоянд.

Баъди рӯйшӯйӣ малҳам молед

Обҳои гарми зеризаминӣ, ки дар тонерҳо ҳастанд, пӯстро ботароват намуда, ғизо мебахшанд, вале зуд бухор гашта, пӯстро хушк месозанд. Баъди шустани рӯй малҳами нармкунанда молед, то ки унсурҳои фоиданок аз пӯст нобуд нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД