arzon replenishment
10 роҳи пешгирии рехтани мӯйи сар
658

Рехтани мӯйи сар сабабҳои гуногун дорад - стресс, ғизои нокифоя, бемориҳо, тағйироти ҳормонӣ, истифодаи нодурусти моддаҳои кимиёвӣ ва ғайра.

Барои пешгирии ин ҳолат мо ба шумо роҳҳои зеринро тавсия медиҳем:

Ғизои солим

Барои пешгирии рехтани мӯйи сар дар ғизои ҳаррӯзаи шумо мавҷудияти витаминҳо, сафедаҳо, микроэлементҳо, инчунин ғалладонагиҳо, маҳсулоти ширӣ ва илова бар ин, сабзавот ва меваҳо лозиманд.

Массажи сар

Хоҳед, ки мӯйи саратон нарезад, бо ангуштон ё равғанҳои табиӣ (масалан, равғани кокос, румон, бодом) ҳар рӯз массаж кунед, то гардиши хун беҳтар шавад.

Истифодаи дурусти шампун

Аксарият гумон мекунанд, ки агар шампунро бештар ба сар рехта, мӯйҳои худро бо он молиш диҳанд, сарашон тозатар мешавад, вале дар асл ин тамоман нодуруст аст. Ҳангоми саршӯйӣ шампунро на ба мӯй, балки ба пӯсти сар молидан лозим аст.

Аз фен дурӣ ҷӯед

Мӯйҳои худро бо фен хушк накунед, чунки ҳавои гарм ба решаҳои мӯй осеб мерасонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми хушк кардани мӯй, тугмаи хунуккунии ҳаворо дар фен пахш кунед.

Бо оби гарм сар нашӯед

Саратонро бо оби гарм нашӯед. Оби гарм ба истеҳсоли равғани иловагӣ таҳким мебахшад, ба пӯсти сар ва мӯй осеб мерасонад. Мӯйро бо оби ширгарм шустан лозим аст.

Ба тозагӣ риоя намоед

Чиркин ва равғанӣ шудани сар низ метавонад боиси рехтани мӯйҳо гардад, аз ин хотир ба тозагӣ риоя намоед.

Серҳаракат бошед

Бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан натанҳо ба саломатӣ фоида дорад, балки рехтани мӯйи сарро низ пешгирӣ менамояд, чунки гардиши хун дар тамоми рагҳо беҳтар шуда, мӯйҳои шумо хубтар ғизо мегиранд.

Бехобӣ - душмани ҳусн

Душмани аз ҳама бузургтарини ҳусни инсон ин бехобӣ мебошад. Хоҳед, ки мӯйи саратон нарезад, шабҳо барвақт хоб кунед, то ки аз хоб сер шавед.

Аз стресс дурӣ ҷӯед

Ғаму андуҳи зиёд ва фикру мулоҳизаи бисёр боиси рехтани мӯйи сар мегардад. Кокулони зебо хоҳед, аз стресс то ҳадди имкон дурӣ биҷӯед.

Ба духтур муроҷиат намоед, агар...

Ба духтури дерматолог ё трихолог муроҷиат намоед, агар рехтани мӯй шадид ё давомдор бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД