Sebiston new 2024 october
10-РОҲИ БЕҲТАР КАРДАНИ МУНОСИБАТ БО ЗАН!
1675

 Бо гузашти солҳо ҳама чиз ба дилат мезанал. Ҳатто филми дӯстдошта ҳам. Аз филм ба осонӣ халос шудан мумкин, зуд телевизорро хомӯш мекунӣ. Аммо чӣ гуна бояд буд, агар ҳаёти оилави ба дилатон занад? Барои рангин сохтани ҳаёти оилавӣ ба мо мутахассисони Университети равоншиносии Торонто ёрӣ мерасонанд. Агар шумо мехоста бошед, ки оилаатонро ба оилаи идеалӣ табдил диҳед, донед ин кор шуданист. Асосаш инро аз таҳти дил хостан лозим. 10-сири муносбати гарм бо занро оғоз мекунем.

1. Ба ёд биоред, ки ҳамааш чӣ гуна оғоз шуда буд. Хаёлан ба замоне баргардед, ки ҳамсаратон бароятон танҳо як духтараки дилкаши ношинос буд. Ба хотир биоред, чӣ хел ӯро ба даст овардед, чӣ қадар рақибро аз сари роҳатон «бардоштан» лозим омад. Ва ба ин зиндагии оилавиро ҳамчун ҷазо қабул кардан хотима диҳед-ин аломати пиршавии ҳавсалаи шумост. Бинобар ин, мардонагӣ карда, ба ҳамсаратон гулдаста тақсим намоед. Ҳамаи назокат, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нигоҳубини кардаатонро занатон як ба ҳазор бармегардонад. Занҳо ин чизро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

2. Доимо ба ҳамсаратон барои хӯроки болаззаташ, куртаи дарзмолкардааш ва ғайра миннатдорӣ баён кунед. Охир худатон-ку, ҳатто барои ба худатон нигоҳубин кардан хушатон намеояд. Аммо бечора занатон хона тоза мекунад, бачаҳоро нигоҳубин мекунад, хӯрок тайёр мекунад, ки ҳамаи ин кори осон нест, Агар ҳамаи инро шумо нодида гиред, рӯзе дар ошхонаи нағундошта деги холӣ ва зарфҳои ношустаро дида, ҳайрон нашавед.

3. Ҳеҷ гоҳ занатонро дар пеши одамони бегона танқид накунед, ки ин ба бар зарари худатон мешавад. Занатон минбаъд шуморо ҳамчун миҷингу дилбазан қабул мекунад ва аз дӯстонатон ҳамдардиро меҷӯяд. Табиати мард чунин аст, ки рафта рафта ҳисси ҳамдардиаш ба ҳиссиоти муҳаббат ба дал шавад, Ҳамин тавр шумо ҳам дустатонро бой медиҳед, ҳам хиёнат насибатон мешавад.

4. Агар дустонатон ба занатон ҳусни таваҷҷуҳ кунанд, шумо монеъ нашавед, Бе таваччуҳи мардони беруна зан ба худаш нигоҳубин намекунад, Бинобар ин, рашки беҷои шумо сабаб мешавад, ки минбаъд занатон дӯстиашро бо мардони днгар аз шумо махфӣ дорад. Бароятон ин аз ҳама хатарноктар аст.

5. Хасисӣ накунед. Дар хотир доред: буҷаи оилавӣ танҳо барои он нест, ки хонаро бо чизҳои зарурӣ таъмин намоед. «Чизҳои занона» дар назаратон беаҳмиятанд, аммо дар асл онҳо дорои хосияти ҳайратангези табъхушкунианд. Ҳеҷ гоҳ занатонро барои сарфи пул дар харидани косметика, ороишот ва чизҳои ошхона маломат накунед. Зеро ин ӯро шод ва зебо мекунад. Пул бошад- боз ёфт мешавад.

6. Дар ҳеҷ ҳолат занатонро бо модаратон ё ҳамсари рафиқатон муқоиса накунед, ки барои занон аз ин бадтар чизе нест. Умедвор нашавед, ки вай аз ин шарм медораду даррав ислоҳ мешавад. Баъди ин, ӯ ба модаратон нафрат пайдо мекунад, бо айби худи шумо.

7. Кӯшиш кунед дар корҳои хона ба ёрӣ расонед. Зан аз кор хаста шуда меояд, вақте кӯҳи зарфи ношустаро мебинад, аз даррандаи маҷрӯҳ бадхашмтар мешавад. Аммо агар шумо ба кори ў ёрмандӣ кунед, даррав аз қаҳраш мефурояд. Бо ҳамин восита имконият низ пайдо мешавад, ки бо якдигар аз кору боратон нақл кунед. Ин роҳи беҳтарин ва бепули табобати асаб аст.

8. Кӯшиш кунед бо занатон дар як муҳити маданӣ зиндагӣ кунед. Китобу филми хондаю дидаашро шумо ҳам бинед. Ҳамин хел дар шумо завқи умумӣ ва боз як мавзӯи сӯҳбат пайдо мешавад.

9. Ҳеҷ гоҳ аз он рафтори занатон, ки бароятон нофаҳмост, дарғазаб нашавед. Ба хотир биёред, дар вақташ шумо махсус барои ҳамин гуногунрафторӣ ӯро дӯст доштед. Дунё аслан ҳамон навъе, ки мо тасаввур мекунем,ҳамон тавр нест, аммо ҷаззобии дунё низ дар ҳамин аст.

10. Бо занатон вақтатонро зиёдтар гузаронед. Мардони роҳгумзада агар занашон ба дилашон занад ба сайёҳат, моҳигирӣ ё бо дӯстонашон кабобхӯрӣ мераванд. Мушкилот бо ин хотима намеёбад, балки баръакс меафзояд. Хубаш бо занатон ба кино ё театр равед. Ин корро чӣ қадаре метаво нед зуд-зуд такрор кунед. Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки ақаллан дар як моҳ ду бор якҷоя «ҳавохӯрӣ» бароед. Ин маслиҳатҳо бисёр оддианд, аммо онҳоро дар амал иҷро кардан чандон осон нест. Мушкилӣ дар он аст, ки шуморо бовар накарданаш мумкин аст, яъне яке боз шумо чи хеле будед, ҳамон хел шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД