Рӯзи 16-уми август Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони аз офати табиӣ осебдидаи деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъа калиди хонаҳои навбунёдро тақдим карданд, - хабар дод хадамоти матбуоти Президент.
Ёдовар мешавем, ки 27-уми июни соли ҷорӣ бо сабаби фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд шуда, 15 хонаи истиқоматӣ комилан ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғу заминҳои кишоварзӣ зери об монданд. Бо амалӣ кардани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Баъди ин ҳодиса дар мавзеъи нав барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз балои табиӣ осебдида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, барои 10 оила бо назардошти тамоми шароит хонаи истиқоматӣ бунёд шуд.
Гуфта шуд, ки ба ҳар оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ дар маҳалаи Анҷин 600 метри мураббаъ замин ҷудо шуда, бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагӣ муҳайё мебошад.
"Оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин ва дигар ашёи рӯзгор таъмин шуданд", - навиштааст манбаъ.
Дар баробари ин хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфарш кардани роҳҳои мошингарду пиёдагард низ аз ҷумлаи дигар корҳое ҳастанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидаанд.