Имрӯз занону бонувон ба хотири зеботар гаштан миҷгонҳои худро ба таври сунъӣ дароз мекунанд. Яъне, миҷаҳои сунъии дарозтар мечаспонанд. Оё шумо медонед, ки агар мутахассис вазни миҷгонҳои сунъиро ба эътибор нагирад, рехтани бошиддати миҷгон рух дода метавонад. Боз чанд қоидаи дигаре вуҷуд дорад, ки дар сурати часпонидани миҷгони сунъӣ риоя карданашон ҳатмӣ мебошад.
- Ширеши миҷаспонӣ бояд формалдегид надошта бошад, вагарна он сабаби сурхшавӣ, хориш ва ҳатто варами гирди чашм мегардад.
- Агар миҷгони табиии зан кутоҳ ва кам бошад, онро аз ҳад зиёд ғафс кардан мумкин нест.
- Рӯзҳои аввали баъди миҷачаспонӣ оббозӣ кардану ба ҳаммом (сауна) ва ҳавз рафтан манъ аст. Барои он, ки ширеши миҷгони сунъӣ хубтар хушк шавад, аз 12 то 24 соат интизор шудан лозим аст. Рафту об ба миҷгон расад, ширеши обшуда миҷгони сунъиро бардошта наметавонад.
- Миҷгони сунъиро туш кардан манъ аст, зеро ҳангоми тоза кардани косметика шумо метавонед ба он зарар расонед. Рафту хеле хоҳиши туш кардан дошта бошед, чуткаи тушкуниро танҳо ба нӯги миҷгонҳо расонед.
- Аксаран устоҳои навкор барои омӯзиши худ духтаронро ба хизматрасонии бепул даъват мекунанд. Беҳтараш аз чунин хизматрасониҳо худдорӣ намоед.
- Баъди амалиёти миҷаспонӣ ҳамарӯза то 1-3 миҷа меафтад ва ин набояд боиси ташвиш гардад. Тақрибан баъди 2-3 ҳафта ними миҷгонҳои часпонидашуда меафтанд. Бояд гуфт, ки миҷгонҳо аз ҳар ҷойи милки чашм меафтанд. Дар баъзе бонувон дарҳол баъди чанд рӯзи миҷачаспонӣ афтодани миҷгонҳои сунъӣ ба назар мерасад.
- Қабл аз амалиёти миҷачаспонӣ усмаву сурма кардан манъ аст, ҳатто сояранг (тень) ва қалами чашм ба натиҷаи миҷаспонӣ таъсир мерасонад. Пӯст бояд тоза бошад, аз ин рӯ, малҳам, пудра ва дигар воситаҳои косметикиро истифода набаред. Илова бар ин, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар сурати истифодабарӣ аз тушҳои ба об тобовар 3 рӯз интизор шуда, баъдан миҷгон часпонед.
- Агар шумо ба чашмонатон линза мемонда бошед, қабл аз амалиёти миҷачаспонӣ онро гирифтанатон лозим аст. Ҳатман ба маҳлулҳои рӯйшӯйӣ ва косметикаи ороишӣ диққат диҳед, ки дар таркиби онҳо аксаран равғану мум вуҷуд дорад ва метавонад ширеши миҷгонҳоро шуста, сабаби афтодани он гардад.
- Баъд аз часпонидани миҷгони сунъӣ ба пӯсти атрофи чашм диққат диҳед, рафту агар нороҳатӣ ва сӯзиши чашмро эҳсос кунед, ё аз чашмонатон об равад, дарҳол ба амалиёт хотима диҳед. Чунин нороҳатӣ маънои аллергия ба ширеш дорад. Амалиёти миҷачаспонӣ набояд ягон нороҳатӣ биёрад.