sebiston july new
10 неъмати бузурги Истиқлол
254

Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj кулли ҳамватанони азизро бо 33-солагии Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон сидқан муборакбод мегӯянд. Тоҷикистони азизи мо бо шарофати Истиқлол ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст. Дар ин рӯзи муборак мо дар бораи 10 неъмати бебаҳои Истиқлол ба шумо маълумот медиҳем.

1. 9-уми сенятбри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлол ба даст овард ва номаш ҳамчун як давлати мустақил дар харитаи ҷаҳон сабт карда шуд.

2. Яке аз муҳимтарин неъматҳои даврони истиқлол ташаккулёбии давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки шакли ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро дорад.

3. Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1994 дастоварди муҳими даврони Истиқлол мебошад, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як сокини кишварро кафолат додааст.

4. Ба шарофати Истиқлол халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гашт.

5. Истиқлоли Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 100 ҳазор кас кушта шуда, ҳудуди 1 млн нафар гуреза шуданд. Хушбахтона, бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон билохира кишвар аз гирдоби ҷанги хонумонсӯз берун кашида шуда, 27-уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Расидан ба ваҳдати миллӣ кишварро аз нобудию халқро аз парокандагӣ нигоҳ дошт.

6. Бо шарофати Истиқлол Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашта, аз ҷониби 193 давлати дунё ба расмият шинохта шуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо 184 давлат робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

7. Ба шарофати Истиқлол асъори миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

8. Дар давраи Истиқлол яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

9. Сохтмони Неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” яке аз неъматҳои бебаҳои замони Истиқлол мебошад.

10. Дар даврони Истиқлол нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Хатлон” ва “Истиқлол” бунёд гашта, тамоми минтақаҳои кишвар тавассути роҳу шоҳроҳҳои замонавӣ бо ҳамдигар васл карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД