Бойтарин фасли сол ин тирамоҳ аст. Дар ин фасл тамоми меваю сабзавот пухта мерасад ва дастурхони мо пур аз нозу неъмат мегардад. Аз фурсат истифода бурда, дар моҳҳои сентябр-ноябр ҳар қадаре, ки метавонед, меваю сабзавот хӯред, зеро барои саломатӣ фоида дорад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 меваю сабзавоти тирамоҳӣ маълумот медиҳем, ки иммунитети инсонро пурқувват месозанд.
Себ дилро солим нигоҳ медорад
Меваи аз ҳама фаровон дар фасли тирамоҳ ин себ мебошад. Антиоксидантҳои дар таркиби себ мавҷудбуда сатҳи кислородро дар шуш баланд намуда, барои кори бонизом ва солимии дил ёрӣ мерасонанд. Тадқиқотҳои олимон нишон доданд, ки истеъмоли себ раванди пиршавии майнаро суст гардонида, фаромӯшхотириро пешгирӣ менамояд. Шумо метавонед себро шуста хӯред ё онро ба ҳар гуна шириниҳо илова намоед. Себи хушк ва компоти аз себ тайёр карда шуда низ барои саломатӣ муфид аст. Аз фурсат истифода бурда, метавонед барои зимистон низ аз себ ҳар хел ширинӣ ва компотҳо омода намоед.
Нок фишори хунро ба низом медарорад
Меваи дигари тирамоҳӣ нок аз оҳан бой буда, барои зебоӣ ва солимии мӯю рӯйи шумо кӯмак мерасонад. Исбот шудааст, ки истеъмоли нок метавонад аллергия ва илтиҳобиро пешгирӣ намояд. Нок фишори хунро ба танзим медарорад. Шумо метавонед ноки ширинро пӯст карда, аз хӯрданаш як ҷаҳон лаззат баред, намудҳои сахттари ин меваро бошад, барои пухтани мураббо ва компот истифода бурдан мумкин аст. Аз нок ҳатто мармалод тайёр мекунанд. Баъзе кадбонуҳо нокро бо дигар меваҳо дар тафдон мепазанд ё онро бо замбурӯғ таф медиҳанд.
Каду ифлосиҳоро аз организм мебарорад
Дар дилаи каду каротин мавҷуд буда, ба тану ҷисми инсон қувату нерӯ мебахшад. Исбот шудааст, ки хӯрдани каду организмро аз ҳар гуна ифлосиҳо (шлаки) тоза мекунад. Каду кори майнаи сарро фаъол гардонида, витамини К-и дар таркибаш мавҷудбуда барои гурдаҳои инсон хеле фоиданок аст. Дар таркиби каду альфа ва бета-каротин зиёд буда, ин моддаҳо барои нури чашм ва ҳуҷайраҳои бадан заруранд. Каду иммунитети инсонро пурқувват мегардонад. Ҳамагӣ ним истакон дилаи кадуро бо ду қошуқ асал ҳамроҳ намуда, нӯши ҷон созед, асабро ором месозад. Дар донаи каду бошад, кислотаи омега-3 фаровон буда, барои касоне, ки аз бемории фишорбаландӣ ва баландшавии сатҳи холестерин дар хун азият мекашанд, фоида дорад. Шумо метавонед кадуро бирён карда хӯред, аз он манту ва дигар хӯрокҳои лазиз пазед.
Замбурӯғ саратони синаро пешгирӣ менамояд
Дар таркиби тамоми намудҳои замбурӯғ сафеда ва антиоксидантҳои зиёде мавҷуданд, ки системаи муҳофизатии организмро пурқувват мегардонанд. Тадқиқоти олимон нишон додааст, ки тез-тез замбурӯғ хӯрдан хатари ба бемории саратони сина гирифтор шудани занонро коҳиш медиҳад. Замбурӯғ раванди пиршавии организмро ба таъхир андохта, барои ҷавону зебо мондани шахс ёрӣ мерасонад. Ба ғайр аз ин, дар таркиби замбурӯғ витамини D мавҷуд мебошад, ки дар айёми тирамоҳ ва зимистон барои организми инсон чун обу ҳаво зарур аст. Дар фасли тирамоҳ дар як ҳафта ақаллан 2 маротиба замбурӯғ хӯрдан лозим аст. Шумо метавонед замбурӯғро алоҳида бирён кунед ё онро ба дигар хӯрокҳо илова намуда, нӯши ҷон созед.
Анор сактаи дилро пешгирӣ мекунад
Аз нигоҳи моддаҳои муфиди дар таркибаш мавҷудбуда анор дар сархати меваҳои фоиданок қарор дорад. Дар таркиби анор 6 намуд аминокислотаҳои муфид- калий, оҳан, танин, марганец, калий, натрий ва клетчатка мавҷуд буда, хатари ба сактаи дил гирифтор шудани инсонро пешгирӣ менамояд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки анор дар пешгирии намудҳои гуногуни саратон низ нақши муҳим дорад. Шарбати анор ба тану ҷони кас нерӯ бахшида, асабро ором месозад, ҳамчунин дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кӯмак мерасонад.
Буттамеваҳо дандонҳоро пурқувват мегардонанд
Хӯрдани буттамеваҳо дар фасли тирамоҳ муфид буда, бактерияҳои зарароварро кам ва дандонҳоро пурқувват месозанд. Аммо шахсоне, ки гурдаҳояшон санг доранд. бояд дар хӯрдани буттамеваҳо эҳтиёт бошанд, зеро хатари афзудани намак, рег ва санг дар гурда зиёд аст.
Шумо метавонед ба буттамеваҳо шакар пошида, барои зимистон дар яхдон захира намоед.
Шалғам - давои шамолкашӣ
Шалғам чандон каллорияи бисёр надорад, вале ба зудӣ одамро сер мекунад. Дар таркиби шалғам клетчаткаи зиёд мавҷуд буда, кори рӯдаву меъда ва узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад. Витаминҳои А, В6, В9, С и К-и дар таркиби шалғам мавҷудбуда, хатари ба ҳар хел бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро кам карда, ба пурқувват шудани устухонҳо ёрӣ мерасонанд. Истеъмоли шалғам дар пешгирии бемориҳои дил низ ёрӣ мерасонад. Табибон ба занҳои ҳомила бештар шалғам хӯрданро тавсия медиҳанд, зеро он дар таркибаш кислотаи марганец ва кислотаи фолиевий дошта, ҳам барои модар ва ҳам тифли батнаш фоида дорад. Шалғамро метавонед ба шӯрбо илова кунед.
Сабзӣ ба кас қуввату дармон мебахшад
Сабзӣ сарчашмаи витаминҳо буда, ба кас қуввату дармон мебахшад. Хӯрдани сабзӣ ҳангоми беморӣ иштиҳоро кушода, барои зудтар ба худ омадани мариз ёрӣ мерасонад. Он ҷараёни мубодилаи моддаҳоро дар организм тезонда, барои хориҷ шудани намак аз гурдаҳо кӯмак мекунад.
Гулкарам кори ҷигарро беҳтар месозад
Дар таркиби гулкарам назар ба карами оддӣ витамини С 2-3 маротиба бештар аст, бар замми ин, кислотаи тартронови дорад, ки кори ҷигарро беҳтар намуда, ба об шудани равғани бадан мусоидат менамояд. Гулкарам сатҳи холестеринро дар хун паст карда, девораи рагҳоро пурқувват месозад ва ҳар хел бемориҳои онкологии занонаро пешгирӣ мекунад. Гулкарам ба вораҳои дандон низ фоида дорад.
Хурмо - давои ҷоғар
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки антиоксидантҳои дар таркиби хурмо мавҷудбуда кори майнаи сарро беҳтар гардонида, хотираро мустаҳкам месозанд. Хурмо гардиши хунро ба низом медарорад, ҳамчунин баъзе бемориҳои вазнин аз ҷумла Альцгеймерро пешгирӣ менамояд. Азбаски дар таркибаш клетчатка зиёд аст, хурмо ба кори бонизоми системаи ҳозима кӯмак мерасонад, илова бар ин, сатҳи қандро дар хун назорат карда, хатари гирифтор шудан ба диабети қандро коҳиш медиҳад. Барои гирифторони ҷоғар хурмо бениҳоят фоиданок аст.