Sebiston new 2024 october
10 маслиҳати муфид дар бораи тарзи дурусти ранг кардани мӯй бо ҳино
278

 

Ҳино мисли воситаҳои химиявӣ зарарнок нест, он ранги мӯйро куллан тағйир намедиҳад, балки ба он як ранги сурхчатобро зам мекунад. Истифодаи ҳино фоида ҳам дорад. Пас аз ранг кардани мӯйҳо бо ҳино мӯйҳои борику беҷон боқуввату ғафстар мешаванд.

Ҳино ба мӯйҳои сафед нисбат ба мӯйҳои сиёҳ тезтар таъсир мерасонад. Аммо ба шахсоне, ки мӯйи сарашон ба пуррагӣ сафед шудааст ва ё тавассути ягон моддаҳои химиявӣ мӯйҳояшонро ранг кардаанд, тавсия дода намешавад.

Тарзи ранги кардани мӯй бо ҳино:

1. Дар зарфе оби гарм гиред ва 2-3 чумча ҳиноро илова карда, омехта намоед. Барои он ки ранги ҳино боз ҳам пуртаъсиртар шавад, зарфи ҳиноро 10 дақиқаи дигар даруни зарфе, ки оби гарм дорад, гузоред. Маҳлули ҳино бояд ғафс бошад.

2. Пас аз каме муътадил гаштани ҳарорати маҳлули ҳино ба он зардии як тухмро ҳамроҳ намоед, зеро ба сар молидани он осонтар мегардад. Зардии тухм ҳамчунин ба мӯйҳо ғизо бахшида, пӯсти сарро аз сабӯсак тоза мекунад.

3. Азбаски ранги ҳино зуд ба дастон ва нохунҳо мешинад, беҳтараш ҳангоми ба сар молидани он аз дастпӯшакҳо истифода баред.

4. Дар хотир нигоҳ доред, ки ҳиноро ба мӯйҳои нам ва тоза мемоланд.

5. Барои он ки мӯйҳоятон ранги якхела гирад, маҳлули ҳиноро якрангу ҳамвор молидан лозим аст.

6. Пеш аз молидани ҳино 1-1,5 см дуртар фарх кушодан лозим аст. Маҳлули ҳиноро бо чумча ба мобайни фарх гузошта, паҳн кунед. Фарх бояд аз пешона ба пушти сар кушода шавад.

7. Ҳангоми молидани ҳино ба қисми пешона эҳтиёт бошед, то он ба пӯст нарасад, зеро тоза карданаш хеле душвор аст. Агар шумо мустақилона ин амалро анҷом дода истода бошед, пас беҳтараш ҳиноро аввал ба он қисми сар, ки дида метавонед, моледу пасон ба пушти сар.

8. Шахсоне, ки ҳамеша аз ҳино истифода мебаранд, ҳиноро танҳо ба решаҳои мӯйҳояшон мемоланду халос, вале ҳангоми бори аввал аз ҳино истифода кардан зарур аст, ки онро то нӯги мӯй молед.

9. Пас аз ранг кардан мӯйҳоятонро бо селофан печонида, аз болои он боз як қабати дигар латтапора ё сачоқ гузоред. Ба гарданатон ҳатман ягон дастпокунак партоед, то ин ки ҳино ба либосҳоятон начакад.

10. Дар сурати ранг гирифтани қисмҳои пешона ва ё гардан метавонед онҳоро бо крем тоза кунед.

Ба зебогии мӯйҳоятон бештар диққат диҳед, зеро мӯйҳои зебою ҷилодор ва ҳамвор шуморо тозаю озода нишон дода, ба ҳусну ҷамолатон ҳусни тоза зам мекунанд. Ҳамеша зебо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД