Дар замони муосир хонаводаеро дучор гаштан душвор аст, ки аслан мушкилоти иқтисодӣ надошта бошанд.
Барои зиндагӣ кардан бояд хароҷот кунӣ, барои хароҷот бошад, маблағ лозим аст. Агар шумо коргар ҳастед ва мехоҳед хароҷоти худро ба танъзим дароред, пас бояд ҳатман роҳҳои ба даст овардани даромади иловагиро ҷустуҷӯ намоед. Имрӯз дар бораи усулҳои муфиди зиёд кардани даромади буҷҷаи оила маълумот медиҳем.
2 саволи тақдирсоз
Қабл аз ҳама шумо бояд ба худ 2 саволи муҳим дода, ҷавобашонро ҷустуҷӯ намоед. Якум: Оё даромади ман метавонад хароҷотҳои ҳаррӯзаамро пӯшонад? Дуюм: Чӣ кор кунам, ки даромадам нисбати хароҷотам зиёд шавад?
Фаромӯш накунед, ҳар қадаре, ки хароҷот камтару даромад зиёд шавад, ҳамон андоза сатҳи зиндагии оила баланд ва накӯаҳволии аҳли хонавода беҳтар мешавад.
Зиндагиро ба дӯши як кас бор накунед!
Даромади буҷҷаи оила ба худи аъзоёни оила вобастагӣ дорад, вале мутаассифона мардуми мо ба ин нуктаи муҳим чандон хуб сарфаҳм намераванд. Вақте ки тамоми бори зиндагӣ бар дӯши як нафар бор мегардад, ҳам барои он шахс ва ҳам барои дигар аъоёни оила душвор мешавад, зеро таъмин кардани чанд нафар дар шароити кунунӣ хеле мушкил буда, камбудиҳо торафт зиёдтар шудан мегиранд. Барои он ки зиндагӣ пеш рафта, вазъи молиявии хонавода сол то сол беҳтар шавад, ҳамаи аъзоёни хонавода саҳми худро бояд дар буҷҷаи оилавӣ гузоранд.
Инак, барои бештар шудани даромади буҷҷаи оила чӣ бояд кард?
1. Дафтарчаи даромаду баромад кушоед!
Пеш аз ҳама шумо бояд дафтарчаи қайди даромаду хароҷот дошта бошед. Бисёр оилаҳо ба хотира такя мекунанд,ки ин нодуруст аст. Бидуни баҳисобгирии қатъӣ фаҳмидан душвор аст, ки ба чӣ чи қадар пул сарф шудааст. Мехоҳед, ки зиндагиатон пеш равад? Пас ҳарчи зудтар сабти хароҷотҳоро оғоз намуда, сипас таҳлил кунед, ки чӣ гуна шумо онҳоро коҳиш дода метавонед.
2. Усулҳои банақшагирии буҷҷаи оиларо омӯзед!
Усулҳои банақшагирии буҷҷаи оила хеле зиёданд. Баъзеҳо аз барномаҳои мобилии интеллектуалӣ ва ё Online -ро истифода мебаранд, дигарон ҷадвали Excel ё коғаз ва қаламро истифода мекунанд.
3. Маблағи хароҷотро аниқ кунед
Пас аз он, ки шумо хароҷоти худро фаҳмидед, барои ҳар як категорияи хароҷот меъёрҳои қатъӣ таъин кунед, масалан пули барқ 200 сомонӣ, хӯрокворӣ 500 сомонӣ ва ғайра. Кӯшиш кунед, ки хароҷотҳоятон аз ин нишондодҳо зиёд нашаванд.
4. Сарфа кардани пулро ёд гиред!
Дар охири моҳ маълум шавад, ки нерӯи барқ нисбат ба нақша хеле кам масраф шудааст, маблағи боқимондаро ба суратҳисоби худ гузоред, зеро ин пул барои моҳи оянда пасандоз хоҳад шуд. Ҳамин усулро дар маблағи боқимондаи дигар хароҷотҳо низ истифода баред.
5. Рӯйхати маводи ғизоиро тартиб диҳед
Менюи ҳафтаина ва тартиб додани рӯйхати харидҳо ба пешгирии хариди беҳуда мусоидат мекунад. Агар шумо рӯйхати харидҳои худро қатъиян риоя кунед, метавонед аз ҳисоби хариди маҳсулоти нолозим маблағи муайянро сарфа намоед.
6. Хӯрокпазиро ёд гиред!
Аксари одамон тез-тез ба тарабхона ва ошхонаҳо рафта, маблағи зиёдеро сарф мекунанд. Ба тарабхонаю ошхона рафтанро нисбатан камтар карда, шумо метавонед вазъи молиявии худро беҳтар созед. Фаромӯш накунед, ки хӯрокпазӣ дар хона як роҳи сарфа кардани пул аст. Ғизои хонагӣ нисбат ба хӯрокҳои тайёри кӯча арзонтар аст. Гӯшти пухта, хӯрок ва салатҳое, ки шумо дар хона тайёр мекунед, нисбат ба харидани он дар тарабхона ё қаҳвахона хеле арзон меафтад.
7. Қарзгириро бас кунед!
Аз қарзҳои нолозим канорагирӣ кунед. Барои харидани чизе, ки чандон муҳим нест, қарз нагиред. Фаромӯш накунед, ки бо корти бонкӣ қарз гирифта, шумо хароҷоти худро бештар месозед, зеро қарзро бояд бо фоизҳояш баргардонед.
8. Дар бонк суратҳисоб кушоед!
Ҳар як шахс барои рӯзи мабодо бояд маблағи пасандоз дошта бошад, бинобар ин, ҳатман дар бонк суратҳисоб кушоед. Барои оғози кор, маблағи начандон зиёд кофист-аз сад то ду ҳазор сомонӣ. Минбаъд ҳар моҳ кам-кам ба он маблағ изофа кардан гиред ва баъди як-ду сол хоҳед дид, ки маблағи кироӣ ҷамъ шудааст.
9. Маошатонро беҳуда сарф накунед!
Вақте ки шумо маош мегиред, аввал бояд чизҳои даркориатонро харидорӣ кунед,то ки маблағ беҳуда сарф нашавад.Агар музди меҳнати шумо дар рӯзи муайяни ҳар моҳ мегузашта бошад, метавонед фармоиши доимӣ тартиб диҳед, он гоҳ миқдори муайяни он ба суратҳисоби дигар интиқол дода мешавад.
10. Кӯшиш кунед, ки даромади иловагӣ дошта бошед. Зиёд кардани даромади худ на камтар аз пасандоз муҳим аст. Агар шумо кори доимӣ дошта бошед ва дар ҷадвалатон лаҳзаҳои холӣ мавҷуд бошанд, кори иловагӣ кобед. Дар вақтҳои холигии худ ба дигар корҳо машғул шавед, то ки оилаатонро аз мушкилоти иқтисодӣ бароред. Метавонед ҳамчунин либосҳоеро,ки дигар намепӯшед ё бозичаҳои кӯдаконаеро, ки кӯдакони шумо дигар ба онҳо ниёз надоранд ба фурӯш монед.