Arzon march 2024
10-гуфтаи пурҳикмати Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯз
367

“Наврӯз бо сарзамин, Ватан, рӯҳи ҳаётбахшу фарҳангсози ниёгонамон робитаи ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он рамзҳое доранд, ки аз қадимулайём бо рӯзгори мардуми созанда, фарҳангӣ ва таҳаммулпазири мо созгоранд. Дар ин рӯз табиату инсон нерӯи тоза пайдо мекунад, ҳамоиши ақлу дил ба вуҷуд меояд, одамон некиву накӯкориро тарғиб мекунанд, ки аз рисолати оламшумули фарҳанги сулҳпарвар ва таҳаммулпазири мардуми мо гувоҳӣ медиҳанд».


«Қасри бошукӯҳи ватандӯстии тоҷикон ду сутуни асосӣ дорад, ки яке забони модарӣ ва дигаре Наврӯз аст. Забони поку шево ва шоиронаи мо дар баробари Наврӯзи пурмуҳтаво ва покиза, таҷассуми абадии мардуми ориёӣ, пояҳои маънавии ҳастии таърихии тоҷикон маҳсуб мешавад».


«Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳҳо, нигоҳубини ятимон, аёдати пиронсолон ва раҳмдилӣ ба нотавону бенавоён мебошад. Боиси хушнудист, ки фарзандони саховатманд ин анъанаи неки аҷдодони моро идома дода, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд».

«Наврӯз бо обу хок, сарзамине, ки аҷдодони мо дар он умр ба сар бурдаанд, бо фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ва ҳисси ватандӯстии мардуми мо пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, гузаштагони шарифи мо беш аз шаш ҳазор сол ин ҷашни фархундаро фаромӯш накарда, онро аз насл ба насл ҳифз намуда, ҳамчун анъанаи муқаддаси ниёгон ба мо мерос гузоштаанд».


«Наврӯз аз ибтидои пайдоиши худ пояҳои ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳангии башарро мушаххас ва муайян кардааст. Наврӯз меҳнати созандаро ҳамчун унсури аввалиндараҷаи фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки равшантарин далели он кишоварзӣ ва умуман фаъолияти иқтисодию созандаи ҷомеа мебошад.»


“Эҳтиром ба Наврӯз, дар маҷмӯъ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни башарият аст, ки дар тӯли садсолаҳо беҳтарин арзишҳои инсониро инъикос кардааст”.


Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз ойинҳои дӯстдоштаи мардуми саросари ҷаҳон буда, бо моҳияти инсондӯстонаи худ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳангии башарият эътироф гардида, ба шарофати фарҳанги худ дар саросари ҷаҳон машҳур гаштааст. Хислатҳои нодире, ки дар кас некию файзу баракат, шодию саодат, бахту саодат ва ишки зиндагиро талқин мекунанд».

«Наврӯз дар баробари анъанаҳои миллии халқҳои гуногуни ҷаҳон маъмултарин ҷашнест, ки бо нерӯи ҳаётбахши худ ҳаёти инсонро равшан мекунад».

«Сарвати гаронбаҳои Наврӯз низ он аст, ки решаҳои маънавии ин ҷашн аз пояҳои инсондӯстӣ, созандагиву ободонӣ мерӯянд. Фалсафаи Наврӯз мардуми ҷаҳонро ба некӣ, меҳрубонӣ, меҳнати созанда, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад».

"Ҷашни Наврӯз дар миёни расму ойинҳои мардуми мо аз ҷумлаи куҳантарин ва азизтарин суннати миллӣ ба шумор меравад. Наврӯзро метавон бегуфтугӯ пайвандгари наслҳою аслҳо ва халқҳою фарҳангҳо унвон кард"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД