Хурмои арабиро ниёгони мо аз замонҳои қадим мехӯрданд. Хурмои арабӣ аз минерал ва витаминҳо бой буда, 23 навъи аминокислотаи муҳим дорад, ки дар дигар меваҳо ба назар намерасад.Агар дар як рӯз 3-4 дона хурмои арабӣ хӯред, эҳтимол дорад аз бемориҳои зиёде халос шавед. Мехоҳед донед, ки хурмои арабӣ чӣ фоида дорад?
Хурмои арабӣ ба дил, гурда ва ҷигар қувват мебахшад.
Истеъмоли хурмои арабӣ ба меъёри кислота дар организм таъсири мусбат мерасонад.
Пайваста хурмои арабӣ хӯрдан камхуниро бартараф мекунад.
Хурмои арабӣ иммунитетро мустаҳкам менамояд.
Истемол намудани хурмои арабӣ микрофлораи рӯдаҳоро беҳтар мекунад.
Хурмои арабӣ хӯрдан ба кори шуш таъсири мусбат мерасонад ва вақти сулфидан балғамро хориҷ месозад.
Пайваста истеъмол намудани хурмои арабӣ хавфи пайдоиши саратонро коҳиш дода, кори мағзи сари инсонро беҳтар мекунад.