Истиқлол арзишмандтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар замони муосир мебошад. Дар даврони Истиқлол кишвари мо ба ҳазорон дастовардҳои бузург ноил гаштааст, вале дар ин рӯзи муборак, ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар бораи 10 дастоварди асосии замони Истиқлол ба шумо маълумот медиҳем.
1. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он.
2. Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин шахсияти оқилу хирадманд хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ.
3. Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар.
4. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
5. Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ.
6. Муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ.
7. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла «Роғун» ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
8. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гаштани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018) ва дигар дастоврадҳои фарҳангии миллати тоҷик.
9. Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид ва шарҳи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ. Баргузории озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” .
10. Гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва тарғиби омӯзиши илму донишомӯзӣ дар байни насли ҷавон.