arzon replenishment
10 чизе, ки пӯсти рӯйи занро зебо месозанд
2567

1. Об нӯшед, оби зиёд, ҳар қадаре, ки шумо об менӯшед, ҳамон андоза бояд бо об рӯятонро шӯед, чунки пӯст 90% аз об иборат аст.

2. Маҳсулоти дорои омега 3 дар қабати болоии пӯст обро нигоҳ медорад.

3. Равғани зайтун ва зағер дорои ҷавҳарҳое ҳастанд, ки пӯсти мо коркард карда наметавонад ва ин ҷавҳарҳо барои пӯст хеле муҳиманд.

4. Сабзӣ ва карам. Сабзавотҳои мазкур дорои витаминҳои А ва Е буда, ба пӯст хеле таъсири мусбӣ мерасонанд.

5. Витамини С дар ташаккулёбии ҳуҷайраҳои коллагенӣ нақш бозида, девораҳои рагҳои хунгардро тақвият мебахшад.

6. Моҳӣ. Бо шарофати дар таркибаш Омега-3 доштанаш гӯшти моҳӣ ба пӯст тароват мебахшад.

7. Чормағз. Дар таркиби чормағз витаминҳои А ва Е, синк, ҷавҳари чарбӣ вуҷуд дошта, аз рӯи фоиданокӣ ба равғани зайтун ва зағир баробр аст.

8. Сафеда, беҳтараш сафедаи ҳайвонот набошад.

9. Кабудӣ, авокадо (ҳам барои кори рӯдаҳо муфид асту ҳам барои ҳолати пӯст).

10. Хоби солим. Вақте инсон хоб меравад, ҳуҷайраҳои пӯст босуръат нав мешаванд. Беҳуда хобро сарчашмаи зебоӣ нагуфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД