Имрӯзҳо 12 нафар занони тоҷик, ки аз ҳамсарашон бо сабабҳои гуногун ҷудо шудаанд, барои нигоҳубини фарзандони ноболиғашон ба шавҳар алимент медиҳанд.
Бештари занҳое, ки алимент медиҳанд, бонувони муҳоҷире мебошанд, ки дар Федератсияи Россия кор ва фаъолият менамоянд ва парастории фарзандони хурдсолашон бар дӯши падар афтидааст. Ин нукта имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Модарони алиментсупоранда бо ихтиёрӣ худашон фарзандони ноболиғашонро ба падар додаанд ё омилҳои дигаре ҳастанд, ки занҳоро маҷбур ба ин амал намудаанд, маълум нест, вале тавре ки Бунафша Файзиддинзода, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт:
“Дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 76444 оилаи нав бунёд ёфта, ақди никоҳашон расман ба қайд гирифта шудаааст. Мутаассифона, дар ин давра 10298 оила вайрон ва ақди никоҳашон бекор карда шуда, бар асари пошхӯрии оилаҳо 10085 нафар кӯдакон дар тарбияи яке аз волидон мондаанд. Ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли 2022 ҳудуди 3 ҳазору 578 адад камтар бошад ҳам, дар парастории яке аз волидон мондани зиёда аз 10 ҳазор кӯдакон нигаронкунанда аст. “
Бунафша Файзиддинзода таъкид намуд, ки аксаран баъди пош хӯрдани оила кӯдакон бо модар мемонанд. Азбаски на ҳамаи занони танҳо монда маълумот ва касбу ҳунар доранд, дар таъмин ва тарбияи фарзандони ноболиғи худ душворӣ мекашанд.
Аз ин рӯ, натанҳо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, балки тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои пойдор мондани оила, махсусан оилаҳои ҷавоне, ки кӯдакони ноболиғ доранд, талош намуда, бо панду насиҳат ва роҳнамоиҳои худ ҷуфтҳои ҷавонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми ҳамсар, хусуру хушдоман ва дигар аъзоёни оила талқин намоянд, то пошхӯрии оилаҳо пешгирӣ карда шавад.