arzon replenishment
$1 МЛН: ДУЗДҲО ЧИЗУ ЧОРАИ БЕЙОНСЕРО БА ЯҒМО БУРДАНД
764

 

Афроди номаълум ба анбори хонаи Бейонсе Жизел, овозхон ва ҳунарпешаи 39-солаи амрикоӣ даромада, чизу чораи гаронбаҳои ӯро ба яғмо бурдаанд. Дар ин бора хабаргузории “Новости”-и Русия иттилоъ медиҳад.

Ҳафтаи гузашта дуздҳо ду маротиба ба анбори хонаи Бейонсе воқеъ дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико ворид шуда, ҷувздонҳову пироҳанҳои арзишманди овозхон ва ашёҳои яке аз тарроҳони ӯро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари ҳодисаи мазкур як миллион доллари амрикоӣ гуфта мешавад.

Анбори хонаи овозхон ба маркази продюсерии “Parkwood Entertainment” ба иҷора дода шуда бошад ҳам, ашёҳои гумшуда ба Бейонсе ва тарроҳи ӯ тааллуқ доштаанд. Полиси шаҳри Лос-Анҷелос ҳодисаро тафтиш мекунад, аммо то ҳанӯз нафареро ҳамчун гумонбар дастгир накардааст. Бейонсе дар баробари овозхону ҳунарпеша буданаш, инчунин, оҳангсоз, модел ва раққоса низ ҳаст. Даромади солонаи ӯ зиёда аз 80 миллион доллар буда, модари се фарзанд Блю, Сэр ва Румӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД