Маҳсулоти лозима: ½ стакон орд каме хамиртуруш 1 пиёзи сафед каду 200 грамм об 3 қошуқ равғани растанӣ ½ қошуқ қаланфур ¼ қошуқча намак Тарзи таҳия: Хамиртурушро дар оби гарм аралаш карда, мурчу намак пошед. Ордро кам-кам илова карда, равғану пиёзи реза ва кадуи аз гуштқимакунак гузаронидашударо андозед. Ду кулчаи андозааш 18–20 сантиметраи фатири кадугинро дар ҳарорати муътадил дар тафдон пухтан лозим аст.