Маҳсулоти лозима:
2 ст орд 1 қошуқ шакар шоколад,
3/4 стакон дӯғ
2 тухм
1 қошуқ ширқиём бо какао
6 қошуқ равғани маскаи шоколадӣ
Тарзи таҳия:
Дар зарфи калоне 2 истакон орд, ¾ истакон шакар, 2 қошуқ хокаи пухтупазӣ ва як қошуқча намакро омезиш дода, ба он ¾ стакон дӯғи ширгарм, 2 тухми латзада, 2 қошуқ равғани мулоими маска ва каме ванилинро илова карда, хамир шӯред. Хамирро ба қолаби пончикпазӣ рехта, тафдонро то 350 дараҷа тасфонед. Пончикҳоро дар тафдон 9-10 дақиқа пазед. ¾ истакон ширқиёми бо шоколад аралашшуда ва 6 қошуқ равғани маскаро омехта намуда дар болои оташ чанд дақиқа нигоҳ доред ва сипас ҳар як пончикро дар шоколад тар кунед.