Дар Душанбе консерти ёдбудии Мунира Шаҳидӣ баргузор мешавад
Имрӯз, 28-уми сентябр, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти вижа ба ёди шарқшинос ва санъатшиноси маъруфи тоҷик Мунира Шаҳидӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои баргузорон, чорабинӣ соати 18:00 оғоз шуда, дар он ҳунармандони Тоҷикистон ва Ҷопон иштирок мекунанд. Дар доираи барнома асарҳои гуногуни мусиқӣ иҷро шуда, ба муаррифии фарҳанг ва мусиқии ду кишвар бахшида мешавад.
Ҳамчунин, ҳадафи баргузории консерт таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон мебошад.
Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии фарҳангии «Зиёдулло Шаҳидӣ» баргузор мешавад.
Мунира Шаҳидӣ 15 июли соли 2026 дар синни 83-солагӣ даргузашт. Ӯ духтари композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ буда, дар рушди фарҳанг ва санъатшиносии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Мунира Шаҳидӣ муассис ва роҳбари Бунёди байналмилалии «Шаҳидӣ» ва Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буд.