goodwell
Бинои Театри миллӣ дар Душанбе ба истифода дода шуд
24.08.2026
Оила
48

Бинои Театри миллӣ дар Душанбе ба истифода дода шуд

Бинои нави Театри миллӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда буд. Соли 2017 бинобар мушкилоти молиявӣ корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони иншоот аз нав оғоз шуда, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ театр имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.
Театри миллӣ моҳи декабри соли 2025 таъсис ёфта, Манучеҳр Шарифзода моҳи январи соли 2026 аввалин роҳбари он таъин шудааст.
Ифтитоҳи бинои нави театр қадами муҳим дар рушди фарҳанги миллӣ ва санъати саҳнавии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД