goodwell
Барои паҳн кардани маълумоти беасос дар бораи ноболиғи бедаракшуда 10 шабонарӯз ҳабс таъин шуд
24.08.2026
Оила
58

Барои паҳн кардани маълумоти беасос дар бораи ноболиғи бедаракшуда 10 шабонарӯз ҳабс таъин шуд

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино як гурӯҳ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро барои паҳн кардани маълумоти беасос дар бораи бедарак шудани ноболиғ Мамонзода Фаридаи 12- сола дастгир карданд.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, ин афрод дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот ва наворҳои носаҳеҳро нашр ва паҳн намудаанд.

Нисбат ба онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҳар кадоме ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

ВКД аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд ва аз паҳн кардани чунин навору хабарҳо худдорӣ намоянд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ вобаста ба чунин ҳолатҳо тибқи қонун ҷавобгарии маъмурӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД