Кормандони шуъбаи корҳои дохилии Сино-1 дар шаҳри Душанбе боз як фолбинзанро боздошт намудаанд. Зуҳро Багишева дар фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ муттаҳам дониста мешавад.
Тавре Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, Зуҳро Багишеваи 49-сола аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии Сино-1 бо гумони машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба мизоҷонаш ҳар хел хизматрасониҳои сеҳру ҷодугарӣ доштаро пешниҳод мекардааст.
Нисбати Зуҳро Багишева бо моддаи 482-и Кодекси маъмурии Тоҷикистон ҳуҷҷат тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки машғул шудан бо фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ мувофиқи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ мебошад.