Зулхумор Солиев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд буда, зани танҳо мебошад ва баъди он ки ба хонааш дузд даромада, ӯро бераҳмона лату кӯб кардааст, аз тарси ҷон иҷоранишину дар ба дар шудааст. Холаи Зулхумор 61-сол дорад ва мегӯяд, дуздро хуб мешиносад, аз ҳамин сабаб метарсад, ки он ҷавони беимон барои қасос гирифтан ягон шаб ба хонааш даромада, балои дигареро ба сараш наорад. Инак, 8 моҳ мешавад, ки ин зани танҳо дари мақомоти қудратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Вилояти Суғдро ба қавле охурча кардааст, вале то ҳол дузд дар озодӣ буда, зан аз тарс наметавонад дар манзили худаш зиндагӣ кунад. Холаи Зулхумор ҳодисаи ба хонааш даромадани дузд ва шатта хӯрданашро аз он марди беимон чунин нақл кард:
Соати яки шаб дарамро куфт, аммо...
-Хонаи ман дар шаҳракаи Сайҳун ҷойгир аст. Шаби 13-декабр, соатҳои 1-и шаб садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Пурсидам, ки кистӣ, дар ҷавоб гуфт, ки ман Алӣ, ҳамсояатон. Ин ҷавони шайтонсурат дар ҳақиқат дар ҳамсоягии мо,аниқтараш 9 хона поёнтар зиндагӣ мекард ва танҳо зистани маро медонист. Вай ба ҳама нмашро Алӣ мегуфт, вале дар асл дар ҳуҷҷатҳо ному насабаш дигар будааст. Хуллас, дилам кимчихел таҳ кашид ки ин мардак дар нимаи шаб аз ман чи мехоста бошад ва дарро накушода гуфтам, ки дар ин нимаи шаб чаро омадӣ? Баҳона крад, ки бензопилаам (асбоби дуредгарӣ) дар хонаи шумо мондаасту бисёр зарур шуд, барои ҳамин омадам, ҳол он ки ягон чизаш дар хонаи ман набуд. Гуфтам, ки бензапилаи ту дар хонаи ман чи кор мекунад, рав аз ин ҷо, вале якравӣ мекард, ки асбоби ман дар хонаи шумо аст, бояд онро бигирам. Гуфтам, ки ин хел бошад, пагоҳ дар рӯзи равшан биё, аммо мисли гурги гурусна аз сари девор хез зада худашро ба дарун партофт. Вақте монеи ба хона даромаданаш шудам, маро кашола карда ба ошхона бурду ба бехи гӯшам чунон зад, ки баъди ҳамон ҳодиса як гӯшам кар шуда, то ҳол чизеро намешунавма. Куртаҳоям дар танам дарида рафт. Ман, ки доду войро бардоштам, гурехта рафт...
Холаи зулхумор мегӯяд, вай аслан зодаи ноҳияи Спитамен буда, дар шаҳраки Сайҳун дар хонаи навсохт зиндагӣ мекунад. Дар ин шаҳрак ҳоло хонаҳо каманд ва дар атрофи манзили ӯ низ ҳамсояҳои наздик каманд. Хонаи марде, ки ба манзилаш даромадааст, аз хонаи холаи Зулхумр 9 дарвоза поинтар ҷойгир аст, аз ҳаимн сабаб зан метарсад, ки барои қаасос гирифтан ӯ дубора ба хонааш даромада балоеро ба сараш наорад.
“Пагоҳии ҳодиса ба ШВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта арз кардам, вале танҳо баъди 5 рӯз гумонбарро ёфта оварданд ва моро бо ҳамдигар рӯ ба рӯ кунонданд, лекин намедонам чи хел шуд, ки гурехта рафт, ҳол он ки гумонбари ҷиноят буд ва набояд раҳояш мекаранд”-мегӯяд Зулхумор Солиева.
Ба гуфти худи қаҳрамонамон моҳи 8-ум аст, ки буду шудашро роҳкиро карда, вай дар ба дари мақомоти қудратӣ мегардад, то ҷазои дуздеро, ки ӯр зада ба саломатиаш зарар расонидааст диҳанд.
“Аз тарси он дузди худобехабар маҷбур шудам, ки дар шаҳри Бӯстон ба 400 сомонӣ хнаеро иҷора бигирам, ки ин болои сӯхта намакоб аст”-мегӯяд қаҳрамони мо.
Холаи Зулхумор умед дорад, ки шояд бо кӯмаки ВАО баъди хондани шикояташ “давои дард”-ашро меёбанд.
Раиси ноҳия чӣ гуфт?
13-уми июл зимни нишасти матуботии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Зафарбек Давлатзода мо ин шикояти занро расонидем. Роҳбари ноҳия дар ҳузури даҳҳо намояндани ВАО ба масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия супориш дод, ки ҳодисаро таҳқиқ карда, аз натиҷаи он ба мо (ман) ҷавоби хаттӣ ирсол кунанд.
Сомонаи “Оила” пайгири ин мавзӯъ аст ва баробари омадани ҷавоби мақомоти милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз натиҷаи он шумо, хонандагни азизро огоҳ ҳоҳем кард.
Фарзона Муродӣ