Бо қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии “Роҳ” - коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, оҳангсоз Далер Назаров, наворбардор Георгий Дзалаев ва офарандагони нақшҳои асосӣ - Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машраб ба Ҷоизаи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мо ба ҳунарпешаи маҳбуб Зулфия Содиқова занг задем, то ин бонуи ҳунармандро бо ҷоизаи олӣ муборакбод бигӯем. Зулфия Содиқова зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин гуфт:
- Хеле зиёд хурсанд ва ҳаяҷонзада ҳастам. Ин қадрдонӣ бароям мояи ифтихор аст. Ин баҳои баланд додан ба ҳунар ва ин филм буд. Мо дар зиёд давлатҳои хориҷа соҳиби ҷоиза гаштаем, вале қадрдонӣ дар Ватани маҳбубу азизи хеш болотар аз ҳамаи он ҷоизаҳост. Ростӣ, то охирон лаҳзаҳо умедвор набудам, ки соҳиби ин ҷоиза мешавам, лек беҳуда нагуфтаанд: “Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст”. Ман миннатдории хешро ба Президенти кишварамон мерасонам, ки ҳунари моро қадр мекунанд. Ҳамзамон сипосгузорам аз кулли аҳли ҳунар, ки дар ин филм хеле зиёд заҳматҳо кашиданд. Боварӣ дорам, ин охирин ҷоиза нахоҳад буд. Ҳоло қувват дорем ва барои пешрафти ҳунари тоҷик дар арсаи ҷаҳони саҳми босазои хешро мегузорам”.