35 years of independency
ACA 209: Пирӯзии размикорони тоҷик дар Душанбе
02.11.2026
Оила
41

ACA 209: Пирӯзии размикорони тоҷик дар Душанбе

Пас аз 11 соли танаффус Лигаи муҳорибаҳои омехтаи ACA ба Тоҷикистон баргашт. 30 -уми октябр дар Душанбе мусобиқаи ACA 209 баргузор шуд, ки дар он 17 муҳориба доир гардида, варзишгарон аз чанд кишвар рақобат карданд.

Дар рақобати асосии шом размикори тоҷик Фаридун Одилов бо қарори якдилонаи доварон Артём Фроловро аз Русия шикаст дод. Ҳар се довар пирӯзиро бо ҳисоби 30:27 ба намояндаи Тоҷикистон доданд.
Аммо барои Азам Ғафоров рақобат бо Фелипе Бунеси бразилӣ бо мағлубият анҷом ёфт. Бунес бо усули нодири «твистер» дар раунди аввал рақибашро таслим кард.

Аз 17 муҳорибаи шом ҳашттоаш пеш аз анҷоми муҳлат ба охир расид. Ҳамчунин, Қуат Ҳамитов ва Фелипе Бунес барои ҳунарнамоии беҳтарин ва Бектур Ҷенишбек Уулу ва Оятулло Мӯъминов барои рақобати беҳтарини шом соҳиби ҷоиза шуданд.

Ҳамин тариқ, бозгашти ACA ба Тоҷикистон бо пирӯзии Фаридун Одилов дар рақобати марказӣ ва ҳашт анҷоми пеш аз муҳлат хотирмон гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД