Шеърҳои Зулфия Атоӣ маҷмуаи таҷрибаи ҳаёт, ишқу муҳаббати самимӣ ва муносибати инсонӣ аст. Кам нафаре ҳаст, ки шеърҳои саршор аз муҳаббати ҳақиқӣ ва меҳру садоқати занона ва модаронаи Зулфия Атоиро нахонда ва ё аз сурудаи сарояндагон нашунида бошад. Солҳои охир устод Зулфия Атоӣ кам бо журналистон мусоҳиба меорояд, аммо ба мо муяссар гашт, ки бо эшон ҳамсуҳбат шавем.
Шабҳои бехобӣ
Баъди салому аҳволпурсӣ, нахуст бо Зулфия Атоӣ дар бораи офарида шудани шеърҳояш суҳбат кардем. Шоира мегӯяд, ки «ман дар шеърҳоям кӯшиш мекунам самимӣ бошам, бештар андешаҳои худамро инъикос кунам, ба худам содиқ бошам ва шеърҳои ман самимият дошта бошанд. Эҳсоси занона, эҳсоси модаронаро инъикос кунам, агар бе андеша рӯйи коғаз биёрам, шояд ба дили хонандаҳо ҷой нагирад».
- Аслан шабона шеър эҷод мекунам. Ҳама шеърҳои маро Худованд ба дилам андохтааст ва аз ин рӯ шояд ба мардум писанд афтода бошад, зеро одамон дар оромӣ Худоро наздик ҳис мекунанд! Устод Мумин Қаноат гуфтаанд: “Бехобӣ чаро ҳар шаб меҳмони ман астӣ ту...”. Шояд, он кас ҳам бехоб буданд?! Ман бо ҳамсари устод, Матлубахон ҳамкор будам. Муаллима бисёр одами наҷиб буданд. Аз нақли эшон фаҳмидам, ки устод ҳам бехобӣ доштанд...”.
Дуои Мирзо Турсунзода
- Кай ба шеърнависӣ оғоз намудед ва дарк кардед, ки шоир мешавед?
- Аз кӯдакӣ ба навиштани шеър оғоз кардам. Аввал, ҳавас доштам мисли хоҳарбузургам духтур шавам, зеро он кас бо баҳои аъло донишгоҳи тиббиро хатм карданд. Бисёр духтари зебо буданд, пасон духтури хубе шуданд. Афсӯс, ки ду сол пеш вафот карданд. Он кас дар Исфара духтури амрози занона буданд. Як умр роҳбарии шуъбаи мазкурро ба уҳда доштанд. Лекин худ ба худ шеъргӯйиро сар кардам, алакай дар синфи даҳ аз дасти устод Мирзо Турсунзода нома гирифта будам, ки ин дар мактаб овоза шуд. Дар мактаб аз шеърҳои ман истиқбол гирифтанд ва дар газетаи ноҳиявӣ, ки “Байрақи октябр” ном дошт, чоп мешуданд. Аз ҳамон замон ман ба шеър дил додам. Дилбастагӣ ба шеър якумрӣ будааст.
- Аз устод Мирзо Турсунзода ёдовар шудед. Бо эшон чӣ тавр шинос шудед?
- Маро ба машварати адибони ҷавон ба Иттифоқи нависандагон даъват карданд, ки бори аввал ташкил шуда буд. Ҳоло мактабхон будам. Баъдан, ҳамаи иштирокчиёнро ба Донишкадаи омӯзгорӣ (Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ) бурданд, онҷо мо шеърхонӣ кардем. Бори аввал ман аз минбар шеър хондам. Дар маҳфил ҳама устодон, аз ҷумла, устод Мирзо Турсунзода ҳам иштирок доштанд. Ман духтари деҳотии хеле шармгин будам. Чунон бо овози паст қироат кардам, ки худам базӯр мешунидам. Устод гуфтанд, ки “духтарам, баландтар хонед!”. Зиёдтар шарм кардам. Умуман, дар куҷое баромад кунам, эҳсоси шарм, ҳаяҷон фарогирам мешуд, аммо кӯшиш мекардам худро ғайюру сарбаланд гирам, ман духтари деҳотиам, бинобар ин бояд боҷасорат бошам. Ҳатто ба назари баъзе нафарон мағрур менамудам, аммо ин як сипари муҳофизатӣ буд барои ман.
- Дар ҳаёти шумо устод Мирзо Турсунзода чӣ нақш бозидаанд?
- Ман бо номи устод ба донишгоҳ дохил шудам. Дар бораи осори устод иншо навиштам, донишҷӯ шудам. Пас аз як соли таҳсил дар донишгоҳ, ҳуҷҷатҳои маро ба Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи шаҳри Москва равон карданӣ шуданд, аммо розӣ нашудам, зеро аз деҳа омада будам ва бароям роҳи дур хеле мушкил менамуд. Вале устод Мирзо Турсунзода гуфтанд, ки «дӯстони ман Расул Ғамзатов аз Доғистон, Чингиз Айтматов аз Қирғизистон ва дигарон аз Қазоқистону дигар ҷумҳуриҳо шогирдонашонро ба таҳсил ба ин донишкада равон мекунанд, чаро мо наметавонем духтарони тоҷикро фиристем?!». Ман ки аз хурдӣ масъулиятшинос будам, пешниҳоди устодро рад карда натавонистам ва барои таҳсил ба Москва рафтам.
Мӯре ба Маскав омад...
- Шеърҳои шумо дар кадом ҳолатҳо эҷод шудаанд?
- Қайсин Кулиев - шоири авар мегӯяд: “Таърихи ба дунё омадани шеър аз худи шеър аҷибтар аст”. Вақте дар Москва мехондам, он вақт тоҷикон он ҷо кам буданд, ман эҳсоси дурӣ мекардам. Деҳаву гуфтори тоҷикиву хонаамону наздиконамонро сахт ёд мекардам. Хумори дарахту меваҳои қишлоқ зиёд мекашид. Падару модарамро сахт пазмон шудам. Апаҳоямро дӯст медоштам. Ҳатто як шеъре дорам бо номи “Се хоҳарон”, ки ба онҳо бахшидаам. Сурудро аз телевизион тамошо кардам, хеле муассиру ҳақиқӣ аз ҷониби Сурайё Қосимова сароида шуда буд. Вақте он кас ба хона меҳмон шуда буданд, пурсидам, ки «Сурайёҷон, шумо ин қадар аз таҳти дил хондед?!» Он кас гуфтанд, ки ҳамон замон каме душвории оилавӣ доштанд, ҳамин шеър ба он ҳолаташон мувофиқ афтод, аз ин рӯ интихоб кардаанд. Ба он кас ташаккур гуфтам, зеро хеле ба ман писанд афтод.
Яъне, ки шеър ба ҳамаи хонандаҳо дахл дорад, зеро аз ҳаёт аст, аз таҷрибаи зиндагии мардумон, хусусан занон аст, ки ба дилҳо ҷо мешавад ва дарди зиндагиро баён мекунад.
Масалан, суруди дигарӣ, ки сарояндаи машҳур – Хосият Ортиқова мехонанд:
Дигар маё ба манзилам,
Хунук шуд аз ғамат дилам,
Кунун чу санги соҳилам...
Ин шеър ҳам аз ҳаёту муносибати ду нафарест, ки байнашон фироқу ҷудоӣ афтодааст. Шоир он аст, ки тавонад дарди дили инсониятро аз худ гузаронда, бо забони худ ба риштаи назм кашад. Хонанда бояд бовар кунад, ки шеър самимият дорад.
Масалан, як шеър дорам, “Арчамазор” ном дорад. Боре дар як осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” истироҳат мекардам, ҳамроҳамон як зани зебое дам мегирифт, дар бораи дигар зане нақл кард, ки ба хотири ободии оилааш, ба мазори ин макон, ки Арчамазор ном дорад, зиёрат карда, дуо мекардааст. Ба ман ҳамин ҳолат писанд омаду ҳамин шеърро таълиф кардам.
Чеҳраи хушбахтӣ
- Дар шеъри “Чеҳрасозон” ҳолати бонувонро тасвир кардаед. Воқеан, вақте бонувон ба ҷомеа мебароянд, худро оро медиҳанд, то ки дигарон аз каму бешу ғубори ҳаёташонро пай набаранд. Ё ин ки дар шеъри “Ман занам, ё худ самандам” дар бораи душвориҳои ҳаёти занон сухан гуфтаед. Бархе дар оила баробарҳуқуқии зану мардро ноадолатӣ нисбати зан баҳо медиҳанд. Дар ин хусус чанд сухане мегуфтед?
- Воқеан, агарчи бо меъёр аз обуранг истифода барем ҳам, бо орову торо кӯшиш мекунем аз душвориҳои ҳаётамон, аз афсурдагиҳо, бори зиндагӣ, солимиву бемориамон ба дигарон маълум насозем. Як чеҳраи хушбахтиро ба рӯй мекашем. Ба хотири ору номус чеҳраи афгорро пинҳон медорем. Мисол, вақте зан фарзандро дар батнаш 9 моҳ мегардонад, вақте бо дарди ҷонкоҳ таваллуд мекунад, ҳамаи ин дар рӯю чеҳрааш асар мемонад. Дар ҳаёти оилавӣ душвориҳо кам нестанд.
Замони муосир баробарҳуқуқии зану мардро дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт талқин месозад. Баъзан, маънои баробарҳуқуқиро ба маънои ноадолатӣ фаҳмида, боиси аз байн рафтани муносибати табиии байни марду зан, яъне зану шавҳар маънидод карда, муносибати ноадолатона мекунанд. Дар шеъри “Ман занам, ё худ самандам” ҳамин зикр гаштааст, ки аз субҳ то шом аз пайи рӯзгор медавем, кори хонаро, ки анҷом надорад, пайваста иҷро мекунем. Дар хона ҳар як занро дастёре мебояд, ҳамсари дастёру мададгор бояд дошта бошад.
- Дар эҷодиёти шумо таҷрибаи ҳаётиатон чӣ нақш бозидааст?
- Бе доштани истеъдоди Худододӣ ҳатто донистани вазну қофия шахсро шоир карда наметавонад. Бояд дар дили одам як дард бошад. Қариб ҳамаи шоирони хуб дар зиндагӣ як азоберо паси сар кардаанд, зиндагониашон таҷрибае дошта будааст. Гуфтанӣ ҳастам, ки ҳама дарди авлод ба шоир меояд. Падару модарам, ки одамони даври ҷангӣ буданд, азобҳояшонро нақл мекарданд, яъне ҷанг дар ман зиндагӣ мекард. Ман бо ёди ҳамон азобу машаққати падару модар шеър гуфтам. Ин ҳама водор месозад, ки шеър ҳақиқӣ эҷод шавад. Масалан, вақте ман дар донишгоҳ мехондам, хабари марги падарам омад. Ман аз Москва ба ватан баргашта, баъди фавташон расида омадам. Ҳамон вақт шеъри “Боғи падар”-ро навиштам.
Ситораи Зулф
- Ба номи шумо ситораеро ном ниҳодаанд. Дар ин бора мегуфтед?
- Вақте фарзандонам хурд буданд, болои боми падар баромада, шабонгаҳ, вақте осмон соф асту ситораҳо намоён, ман ба онҳо дар бораи ситораи Хӯшаи Парвин, Ҳафтдодарон, Ноҳид, Раҳи Каҳкашон, бурҷҳо нақл мекардам. Писарам Шерзод мегуфт, ман калон шавам, ба шумо ситора меорам. Ин суханони писарамро орзуи бачагӣ мепиндоштам. Аммо вақте бузургу коргар шуд, воқеан, мактуб навишта, дар он шеърҳои маро мисол оварда, ба Маркази пажӯҳишгоҳи ҷирмҳои осмонии Лондон равон мекунад. 15-уми июни соли 2018 ба номи ман ситораеро “Зулф” ном гузошта, дар мавлуди 60-солагиам ба ман туҳфа кард.
- Дар бораи меҳмондӯстиву дастгирии шумо зиёд шунидаем, дар ин хусус мегуфтед?
- Оилаи мо бештар ба ҷавонони толибилм, ки аз деҳа ба таҳсил меомаданд, дарвозаи кушод дошт, ҳамеша дастгириву кумак мекардем. Ҳам аз авлоди худам, ҳам аз авлоди шаҳварам, ғайр аз ин аз дигар ноҳияҳо, ё ҳамсояҳои деҳаамон меомаданд, ҳарчанд хонаи кушод надошта бошем, дар ҳуҷраҳо ҷой мекардем, бисёрашонро бо кор ҳам таъмин кардаем. Барои он ки дар вақти худ аз устодонамон дастгирӣ дидаем, мо бояд дар нашъунамои инсонҳо, хусусан ҷавонон бетараф набошем. Ин корҳоест, ки устодони бузург мисли Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзодаву Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ анҷом медоданд.
Зулфия Атоӣ:
Соли 1972 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1977 таҳсилро дар Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкийи шаҳри Москва ба итмом расонидааст.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагон шудааст. Солҳои 1979 то 1993 дар рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло “Ҷумҳурият” ва “Омӯзгор” фаъолият карда, аз соли 1993 сармуҳарририи маҷаллаи занонаи “Фирӯза”-ро ба ӯҳда дошт. Барандаи ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистони шӯравӣ, ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ мебошад.
Маҷмуаи шеърҳояш бо забони русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, румонӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст.
Дорандаи Ордени “Шараф” (1997), ҷоизаи «Дили Данко»-и Шӯрои ташкилотҳои ҷамъиятии Санкт-Петербург ва Москва, Театри операи Санкт-Петербург мебошад. Дорандаи Дипломи Озмуни байналмилалии ЮНЕСКО “Ҷанбаҳои муосири назм”, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии адабиёти «Парвин Эътисомӣ»-и Эрон ва “Товуси тилоӣ”-и Санкт-Петербург мебошад.